ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Иҷро нашудани дурнамои будҷа дар Тоҷикистон ба фишор болои андозсупорандагон боъис мешавад, омадааст дар гузориши Оҷонси рушди Олмон (GIZ).
Вазорати молияи Тоҷикистон тибқи натоиҷи семоҳаи аввали соли 2015 изҳор дошта буд, ки будҷаи давлатӣ танҳо ба 95,6% дурнамо иҷро шудааст.
"Бештар аз ҳама воридоти аворизи гумрукӣ коҳиш ёфтааст — 24,1% ва ин амр ба ташдиди талабот аз сӯйи вазорати молия мунҷар шудааст.
Зимни талош барои ислоҳи чунин вазъ вазири молия Абдусалом Қурбониён аз ниҳодҳои зирабт дархост кард, ки дар семоҳаи дуввум ба аҳдофи дурнамои соли 2015 бирасанд", — зикр мешавад дар гузориш.
Дар гузориши GIZ зикр мешавад, ки будҷаи давлатии соли 2015 бар пояи чунин тасаввур, ки рушди иқтисодии бонизом ва афзоиши мизони тавлидоти нохолиси миллӣ дар сатҳи 7,2% хоҳад буду қурби ивази асъор дар сатҳи 5 сомонӣ барои як доллари ИМА ҳифз мешавад таҳия шуда буд ва мақомот зимни таҳия ва тасвиби будҷа бӯҳрони иқтисодии дар пеш истодаро сарфи назар карданд.
Воқеъияти феълӣ чунин аст, ки кундии рушди иқтисод мушоҳида шуда, дар авохири моҳи апрел қурби як доллар ба 6,25 сомонӣ расидааст.
"Дар чунин вазъ иҷрои будҷа бо дурнамои дар назар дошта душвор ба назар мерасад. Ба манзури расидан ба ин аҳдоф фишор болои андозсупорандагон метавонад ба натоиҷи баръакс мунҷар шавад: гурез аз андозсупорӣ ва фаъолияти андаки иқтисодӣ дар Тоҷикистон, рушди андаки иқтисодӣ ва даромадҳои мушобеҳ ба будҷа", — тахмин мезананд муаллифони гузориш.
Бар ивази чунин иқдом онҳо ба ҳукумати Тоҷикистон машварат медиҳанд, ки будҷаи соли 2015 бар пояи омори воқеъии рушди иқтисодӣ ислоҳ карда шавад.
Дар гузориш таъкид мешавад, ки бо вазъи мушобеҳ Тоҷикистон дар соли 2009 рӯбарӯ шуда буд ва он замон рушди тавлидоти нохоли миллӣ дар сатҳи 7% пешбинӣ мешуд, вале ба далели бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ин мизон танҳо ба 3,9% баробар шуд.
Бо дарки кундии рушди иқтисод дар моҳи майи соли 2009 бахши воридот ва харҷи будҷаи Тоҷикистон ислоҳ шуда буданд.
Дар гузориш зикр мешавад, ки уфти иқтисоди Тоҷикистон аз сӯйи созмонҳои мухталиф эътироф шуда, вале ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон онро нодида мегиранд. Пешбинии муштараки СБП, БҶ, БОР ва ББРА ин аст, ки мизони тавлидоти нохолиси миллӣ 3,65% хоҳад буд. Аммо пешбинии расмии ҳукумати Тоҷикистон 2 баробар бештар аст: 7,2% рушди ТНМ (ин пешбинӣ аҳ моҳи июли соли 2014 бознигарӣ нашудааст).