ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Тайи чанд муддати ахир ҳузури Адел дар маросиму чорабиниҳо камранг гардида, инро боис таваллуди фарзанд ва дурӣ аз шоу-бизнес унвон карданд.
Вале бозгашти ӯ ба саҳна бо шаҳомат буду комёбиро дар пай дошт. Суруди "Салом" аз албоми наваш дар сархати беҳтарин таронаҳои овозхонони 30 мамлакати чаҳон қарор гирифт.
Сокинони Бритониё, Ҳолланд, ИМА ва Австралия барои ба даст овардани фиттаи ӯ дар навбат меистоданд. Албоми "25"-и ӯ мохи ноябри соли 2015 ба фурӯш бароварда шуда, то имрӯз 15 миллион нусхааш харида шудааст.
Мақоми дуввумро дар рейтинги IFPI Эд Ширан соҳиб шуд, ҷойи саввум насиби Тейлор Свифт гардида, Ҷастин Бибер, One Direction, Coldplay, Maroon 5, Сэм Смит, Дрейк ва The Weekend ин руйхатро идома медиҳанд.
Маврид ба ёдоварист, Адел соли 2012 барои филми навбатии "007: Координатаҳои Скайфолл" дар бораи Ҷеймс Бонд таронаи" Skyfall"-ро сабт намуд. Ин композитсия соҳиби ҷоизаҳои "Оскар"ва "Курраи тиллоӣ" дар бахши "Суруди беҳтарин" гардид.