Сароянда Юлия Чичерина мавриди пайгарди ХАУ қарор гирифт

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкЮлия Чичерина. Акс аз бойгонӣ
Юлия Чичерина. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳунарманди машҳури рус Юлия Чичерина чанде қабл дар Луҳанск дар чорчӯби таҷлили Соли нав бо консерти хайрия, ки аз ҷониби бошгоҳи дучархасаворон “Гургони шаб” созмон ёфта буд, баромад кард.

ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Хадамоти амниятии Украина (СБУ) сарояндаи русро барои баромадаш дар Луҳанск мавриди ҷустуҷӯ дар саросари Украина қарор додааст, менависад РИА Новости.

Ба қавли Василий Вовка, сардори сарраёсати тафтишотии ХАУ, ҳамаи онҳое, ки бе иҷозаи расмии Украина ба манотиқи таҳти назорати Киев қарорнадошта меоянд ва ҳунарнамоӣ мекунанд, мавриди пайгард қарор ёфтаанд. Юлия Чичерина низ истисно нест, афзуд ӯ.
Дар ин бора Вовка аснои мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "112 Украина" иброз дошт.

"Ҳамаи ин далелу арқом дар феҳрасти ягона ворид шудаанд ва кулли ширкатдорон дар ҷустуҷӯ қарор доранд",- менависад "Дафтари мустақили иттилоъ" бо истинод ба суханони Вовка.

Юлия Чичерина  рӯзи 2 январ дар Луҳанск дар чорчӯби таҷлили Соли нав бо консерти хайрия, ки аз ҷониби бошгоҳи дучархасаворон "Гургони шаб" созмон ёфта буд,  баромад карда буд.

Лентаи хабарҳо
0