Додситонии кулл: аз Сурия ва Ироқ 120 шаҳрванди ҶТ бозгардонида шуданд

© Sputnik / Дмитрий Виноградов / Гузариш ба медиабонкҶангиёни ДИИШ дар асорати низомиёни артиши Сурия
Ҷангиёни ДИИШ дар асорати низомиёни артиши Сурия - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Беш аз садҳо шаҳрвандони Тоҷикистон бо оилаҳояшон, ки дар даргириҳои Ховари Миёна ширкат доштанд, соли 2015 ба ватан баргардонида шуданд. Ин натиҷаи амалиёти махсуси мақомоти вижаи Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Соли 2015 дар маҷмӯъ 120 шаҳрванди Тоҷикистонро аз муҳорибаҳои хориҷӣ ба Ватан бозпас гардонидем, иброз дошт имрӯз Додситони кулли кишвар Юсуф Раҳмон.

"Дар натиҷаи баргузории корҳои профилактикӣ-фаҳмонидадиҳӣ,  78 шаҳрванди ҷумҳурӣ, инчунин занҳо ва фарзандонашон (42 нафар) аз Сурияву Ироқ  ба Тоҷикистон баргардонида шуданд",- илова кард ӯ.

Ҷангҷӯёни ДИ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Таҳлилгар: муқобала бо ДИ даҳсолаҳо тӯл мекашад

Роҳбари ВКД Рамазон Раҳимзода низ чанде қабл иттилоъ дод, ки 992 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷангҳои мамлакатҳои хориҷӣ,  аз ҷумла дар Сурияву Ироқ ширкат доранд.

Ба қавли ӯ, аз ин шумора 156 нафари онҳо дастгир шуда, 61 нафарашон ба ватан баргардонида шуданд. 148 шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар натиҷаи ҷангҳо дар Ховари Миёна ва Афғонистон ба ҳалокат расиданд. 692 ҷангии тоҷик, ки дар Сурия ва Ироқ дар муноқишаҳои низомӣ ширкат доранд, мавриди ҷустуҷӯи мақомот мебошанд.  Барои иштирок дар ҷангҳо 154 хонавода, иборат аз 190 мард ва 176 зан ба хориҷи кишвар рафтаанд.

Қаблан додситони кулли Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки харҷи бозгашти шаҳрвандон аз ҷангҳои хориҷӣ аз буҷаи давлат пардохт мешавад.

Лентаи хабарҳо
0