ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Ҷанги иттиҳоди байналмиллалӣ бо гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" метавонад даҳсолаҳо тӯл бикашад, изҳор дошт дар ҷараёни мизи муддавар дар ХБИ "Россия сегодня" корманди пешбари илмии Маркази амнияти байналмиллалии Фарҳангистони улуми Русия Станислав Иванов.
Ба гуфтаи коршинос, мушкили аслӣ дар муқобала бо гурӯҳи ифротӣ ба мавзеъгирии бозигарони аслии минтақавӣ аст. Вай аз ҷумла ба талоши раҳбарияти Туркия барои коҳиши нуфузи ҷунбиши курдӣ ва ҳамчунин талоши мақомоти суннимазҳаб барои маҳдуд кардани нуфузи Эрон ишора кард.
"Шароит барои ҷабҳаи умумӣ (алайҳи ДИ) феълан, мутаъассифона, аз сӯйи Туркия хеле печида аст. Ҳамчунин Эр-Риёд ва Доха низ. Онҳо ҳамчунон дунболи аҳдофи худ ҳастанд ва барои онҳо ДИ дар муқоъиса бо мазҳаби шиъа душмани кӯчактаре мебошад", — таъкид кард Иванов. — Дар чунин шароит ҷанг метавонад чанд сол идома биёбад ва ҳатто метавон дар бораи даҳсолаҳо ҳарф зад — ин ҳамон вазъест, ки ҳоло мо мушобеҳи онро дар Сомалӣ мушоҳида мекунем".
Иванов аз амалҳои Туркия, ки аз авосити моҳи август якҷо бо зарбаҳои ҳавоӣ ба мавзеъоти ДИ ба маҳаллоти қарордошти Ҳизби коргари Курдистон (ҲКК) дар қаламрави Сурия ва Ироқ ҳамалот мекунад, интиқод кард. "Бар ин назарам, ки ин иштибоҳи бузурги Эрдуғон аст. Ба ҷойи он, ки кудрҳоро шарики худ созад, вай куллияи умуреро барои ҳамкорӣ накарданд бо нафароне, ки барои ин амр омода буданд, анҷом медиҳад", — зикр кард коршинос.
Ба эътиқоди Иванов бомборонкунии мавзеъоти ДИ аз сӯйи эътилофи байналмиллалӣ то ҳол натоиҷи дилхоҳ надодаанд.
"Онҳо танҳо аҳолии маҳаллиро алайҳи эътилоф хашмгин месозанд, — таъкид кард коршинос. — Набояд мисли фил дар дӯкони ашёфурӯшӣ рафтор кард, ҳамон тавре, ки амрикоиҳо одат кардаанд дар Ховари Миёна рафтор кунанд".
Ба гуфтаи таҳлилгар, танҳо дар он сурат дар муқобала бо ДИ метавон комёб шуд, ки агар далоили маҳбубияти он аз сӯйи ҷонибдоронаш таҳқиқ шуда маҷрои сармоягузории ин масдуд карда шавад.
Феълан гурӯҳи ДИ яке аз хатароти аслӣ барои амнияти ҷаҳонӣ дониста мешавад. Дар тӯли се сол террористон тавонистанд бахши қобили мулоҳизаи қаламрави Ироқ ва Сурияро забт кунанд. Ба ҷуз аз ин, онҳо талош доранд нуфузи худро дар кишварҳои Африқои Шимолӣ, аз ҷумла дар Либия тақвият бидиҳанд.