https://sputnik.tj/20150604/1015654352.html
Ҳунарманд, модар ва сафир: Анҷелина Ҷоллии ҳамакора
Ҳунарманд, модар ва сафир: Анҷелина Ҷоллии ҳамакора
Sputnik Тоҷикистон
Имрӯз яке аз ситораҳои маъруфи синамои Ҳолливуд Анҷелина Ҷолӣ мавлуд дорад 04.06.2015, Sputnik Тоҷикистон
2015-06-04T14:00+0500
2015-06-04T14:00+0500
2015-06-04T13:59+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101565/19/1015651937_0:0:1601:901_1920x0_80_0_0_a5b058452308dda538ab78b24ef89f91.jpg
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2015
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101565/19/1015651937_88:0:1483:1046_1920x0_80_0_0_ea12948d80d0ad7998c03006ce7a3eaf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
акс, фарҳанг, дар ҷаҳон, ҳамаи хабарҳо
акс, фарҳанг, дар ҷаҳон, ҳамаи хабарҳо
Ҳунарманд, модар ва сафир: Анҷелина Ҷоллии ҳамакора
Имрӯз яке аз ситораҳои маъруфи синамои Ҳолливуд Анҷелина Ҷолӣ мавлуд дорад
Дар 40-солагӣ ҳам Анҷелина Ҷоли ҷойгоҳи хосашро нигаҳ медорад, чусту чолок ва серҳаракат аст. Ӯ аз зумраи бонувони ҳунармандест, ки таваҷҷӯҳи атрофиёнро мисли 10 соли пеш ҳанӯз ҳам ба худ ҷалб менамояд.
Ҷоли на фақат ҳунарманд, балки модар ва фаъоли ҷомеъаи шаҳрвандист.

Ҷолӣ дар хонаводаи ҳунармандон ба дунё омада, дар синни 14-солагӣ қадамҳои аввалини худро ба ҷодаи ҳунар гузошт. Шӯҳрати ҷаҳониро ба ҳунарманд "Глобуси тиллоӣ", ки соли 1990 онро барои иҷрои нақши Корнели дар филми телевизионии "Ҷорҷ Уоллес" гирифт, овард.

Чандин дафъа Анҷелина Ҷолӣ ба феҳрасти зеботарин занони дунё ворид шудааст.Маҷаллаи Time ду маротиба ӯро ба қатори таъсиргузортарин бонувони дунё шомил сохтааст.

Ҷоизаи "Оскар" ("Беҳтарин нақши занона дар плани дуввум")-ро Анҷелина Ҷоли соли 2000-ум гирифтааст.

Дар аввали ҳазорсолаи дуввум Ҷоли ба кишварҳои ҷаҳони саввум минҳайси Сафири ихтиёрии СММ бо миссияи башардӯстона сафар кард. Ҷоли дар Камбоҷа бо тамоми қишрҳои ҷомеъа мулоқот дошт.

Моҳи майи соли 2005. Исломобод. Анҷелина Ҷоли аз лагери гурезашои афғонӣ дидан мекунад.

Ҳаёти шахсии Ҷоли мисли дигар ҳунармандони Ҳолливуд пур аз шебу фароз аст. Ӯ се маротиба ба шавҳар баромадааст. Дафъаи охир соли гузашта бо Бред Питт ақди никоҳ баст. Ин никоҳ "пас аз 9 соли санҷиш" ба вуқӯъ пайваастааст.

Ҷоли ва Питт бо духтараш Захар ва писараш Мэддокс. Соли 2007. Ҳоло ин ҷуфт соҳиби шаш фарзанд мебошад,се тани онҳо фарзандхондаанд.

Дар 40-солагӣ ҳам Ҷоли ҳамоно зебову ҷавон боқӣ мемонад.