Дастаи “Хуҷанд” дар Ҷоми КФО-2015: сабқат бо тими Фаластин

© Федерация футбола Таджикистана / Гузариш ба медиабонкТамрини дастаи "Хуҷанд" дар варзишгоҳи "Ал-Ҳусайн". 7.02.2016
Тамрини дастаи Хуҷанд дар варзишгоҳи Ал-Ҳусайн. 7.02.2016 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бозигарони тими “Хуҷанд”-и Хуҷанд ҷиҳати роҳ ёфтан ба сабқати гуруҳии Ҷоми AFC- 2016 ба шаҳри Ҳеврони Фаластин рафтанд. Бозӣ дар майдони варзишии “Дура” фардо баргузор мегардад.

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Ҷоизадори нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии кишвар, дастаи "Хуҷанд"- и шаҳри Хуҷанд барои рақобат бо тими "Аҳлӣ Ал-Халил" вориди шаҳри Ҳеврони Фаластин гардиданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии ин бошгоҳ.

"Ба ҳайати даста 25 нафар, аз ҷумла 17 футболбоз (2 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 5 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар) дохиланд. Мо мекӯшем, ки дар ин бозӣ пирӯз шуда, ба сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC роҳ ёбем",- иброз доштааст сармураббии дастаи "Хуҷанд" Нӯъмонҷон Юсупов.

Бозигарони тими Истиқлол. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Аввалин пирӯзии дастаи “Истиқлол” дар мусобиқоти Ҷоми АФК-2015

Бозии "Хуҷанд" бо бошгоҳи "Аҳлӣ Ал-Халил" 9-уми феврал дар шаҳри Ҳеврони Фаластин соати 16:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:00 ба вақти Душанбе) шурӯъ мешавад. Доварони ин бозӣ таҳти раҳбарии Адҳам Муҳаммад Тумаҳ Маҳадмеҳи 29-сола аз Урдун мебошанд. Валтер Эдвард Перейра аз Ҳиндустон нозири бозӣ ва Саликин Бин Саркавӣ аз Сингапур комиссари бозӣ таъин шудаанд.

Дар сурати ғалаба дар бозӣ муқобили бошгоҳи "Аҳлӣ Ал-Халил", дастаи "Хуҷанд" дар сабқати гурӯҳи "D" бо тимҳои "Ал-Муҳаррак"-и Баҳрайн, "Фанҷа"-и Умон ва "Ал-Ҷайш"-и Сурия рақобат хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, дастаи "Истиқлол"-и Душанбе, қаҳрамони чоркаратаи Тоҷикистон, бозии санҷиширо бо тими "Тараз"-и Қазоқистон бо ҳисоби мусовии 2:2 ба поён расонд. Ин бозии дувуми санҷишӣ дар шаҳри Анталияи Туркия дар доираи омодагии футболбозони Душанбе ба Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2016 рӯзи шанбеи гузашта баргузор шуд.  

Лентаи хабарҳо
0