ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Тими "Истиқлол"-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, дар даври дуввуми сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC-2015 бар тими "Аҳал", барандаи Ҷоми Туркманистон-2014, бо ҳисоби 2-1 пирӯз шуд, менависад сайти Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ба навиштаи манбаъ, ин бозии сабқати гурӯҳи "С" шоми дирӯз, 11-уми март, дар варзишгоҳи «Ашқобод»-и пойтахти Туркманистон баргузор шуд. Зимнан, ин нахустин пирӯзии дастаҳои футболи Тоҷикистон дар Ҷоми AFC маҳсуб мешавад.
Фатҳулло Фатҳуллоев, ҳамлагари "Истиқлол", дар дақиқаи панҷум ҳисобро боз кард. Вале мизбонон дар дақиқаи 27-ум ҳисобро баробар намуданд. Тӯбро аз ҷаримаи 11-метра Сулаймон Оразов ба ҳадаф расонд. Голи дувуми "Истиқлол"-ро нимҳимоятгар Хуршед Маҳмудов дар дақиқаи 70-ум зад.
Бояд гуфт, ки дар дақиқаи 60-ум сардовар ба дарвозаи "Истиқлол" ҷаримаи 11-метра таъин кард. Ва аммо ин дафъа дарвозабони меҳмонон Никола Стошич, легионер аз Сербия, тӯби аз пеналтӣ задаи Мамадалӣ Карадановро баргардонд. Дарвоқеъ, дар ин бозӣ маҳорати баланди Стошич дарвозаи "Истиқлол"-ро борҳо аз гол эмин дошт.
Дар бозии дигари гурӯҳи "С" тими "Ал-Қадсия"-и Кувайт дастаи "Эрбил"-и Ироқро бо натиҷаи 1:0 шикаст дод.
Баъд аз ду даври мусобиқот тими "Ал-Қадсия" бо шаш имтиёз дар садри ҷадвали гурӯҳ қарор дорад. "Эрбил" ва "Истиқлол" се холӣ дошта, мақоми дуввуму сеюмро касб кардаанд.
Рӯзи 18 март дар Кувайт бозии ҷавобӣ миёни "Истиқлол" ва барандаи феълии Ҷоми АФК тими "Ал-Қадсия" баргузор хоҳад шуд.