ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Ахиран ду тан аз кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди президенти Тоҷикистон, назари худ дар атрофи сатру либоспӯширо иброз доштант, ки хабаргузории "Ховар" онро нашр намуд.
Муаллифони ин матлаб — Нусратулло Зокиров — сардори шуъбаи пажўҳиши ҳуқуқи исломии Маркази исломшиносӣ дар назди президенти Тоҷикистон ва Шарофиддин Фозилов- мутахассиси пешбари шуъбаи пажўҳиши маъхазҳои исломии ҳамин Марказ, бар ин ақидаанд, ки либоси миллат бояд ба шароити ҷуғрофии минтақаи зисти онҳо мувофиқ бошад ва мутобиқи фарҳангҳояшон интихоб ва татбиқ гардад.
"Албатта, яке аз аломатҳои зоҳирие, ки мусулмононро аз пайравони дигар дину оинҳо фарқ мекунад, ин сарулибос мебошад. Шариати исломӣ бевосита ягон шакли муайян ва стандартии либоси диниро барои ҳамаи мусулмонон таъйин накардааст, балки кӯшиши пӯшиши нуқтаҳои муайяни баданро, ки бештар ҷанбаҳои ахлоқӣ-иффатӣ дорад, баён намудааст. Мусулмонони кишварҳои мухталиф либоси шаръиро мувофиқи минтақаи ҷуғрофӣ ва мутобиқи фарҳангҳояшон интихоб ва татбиқ намудаанд", — омадааст дар мақолаи онҳо, ки хабаргузории "Ховар" таҳти унвони "Либоси миллӣ мувофиқи шароити ҷуғрофӣ" таърихи 30 апрел ба нашр расондааст.
Муаллифон таъкид мекунанд, ки риояти сатри аврат ва ё барои мардон бадани худро аз зонувон боло то ноф пӯшида нигоҳ доштан, дар фарҳанги либоспӯшии тоҷикон, ҳанӯз аз давраи қабл аз ислом роиҷ гардида буд.
"Тоҷикон ҳанӯз қабл аз ислом либосҳои остинкӯтоҳро намепӯшиданд ва либосҳои миллии онҳо бадани онҳоро пурра мепӯшонид. Онҳо мувофиқи шароити ҷуғрофӣ ва ҳаёти шаҳрнишинию кишоварзии худ либосҳои мувофиқи миллӣ доштанд, ки чеҳраи миллии онҳоро ифода мекард", — таъкид менамоянд муаллифон.
Агар дар шароити гармои нимҷазираи Арабистон пайғамбар пўшидани либосҳои абрешимиро барои арабҳо манъ карда буд, омадааст дар мақола, ин маънои манъ будани он барои тамоми мусулмононро надошт, зеро дар ислом сухан на дар бораи сатри арабӣ, балки дар бораи пўшидани аврати бадан меравад.
"Дар ислом, аз ҷумла дар ояти 31 сураи «ан-Нур» сухан дар бораи сатри аврат рафтааст, на дар бораи пўшидани либоси сиёҳ ва сатри арабӣ, ки мероси анъанаҳои замони ҷоҳилияти араб буд ва он дар шароит ва муҳити ҷуғрофии араб барои аз чангу ғубор ва қуми биёбон ҳифз кардан бисёр қулай буд. Баъди густариши ислом ҳам муҳити ҷуғрофии араб тағйир наёфтааст ва ҳамон сатр дар шаклу муҳтавои нав ҳамчун воситаи ҳифз аз ҷангу қуми араб то имрӯз боқӣ мондааст ва аслан зодаи ҳаёти воқеии табиӣ-иҷтимоии араб буд", — таъкид мешавад дар матлаб.
Сарулибос, омадааст дар мақолаи нашршуда, низ дар асоси шариати исломӣ вобаста ба маҳалҳо ва минтақаҳои истиқомати мусулмонон аз ҳам фарқ мекард. Лекин ҳамаи талаботи динӣ ба либос риоя мегардид.
"Масалан, либосҳое, ки дар минтақаҳои Зарафшону Бадахшон, Хатлон, Рашту Ҳисор мепӯшиданд, дар маҷмӯъ як чиз буд ва як қисмати бузурги фарҳанги миллии мо низ ба шумор мерафт, ки ба ислом ҳеҷ ихтилоф надорад, зеро либоси миллии мо вазифаи сатри исломиро адо мекард ва мо ҳеҷ вақт сатри арабиро, ки ба шароити ҷуғрофии мо мувофиқ набуд, қабул накардаем", — навиштаанд муаллифон.
Нусратулло Зокиров ва Шарофиддин Фозилов таъкид менамоянд, ки ягон ниҳоди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар масъалаи сатри исломӣ ҳеҷ дахолате накардааст, балки ҳукумат зидди тақлидкорона ҳамчун сатр истифода бурдани либосҳои бегона аст, ки ба анъанаҳои фарҳанги исломию миллии мо мувофиқ нестанд.
Дар ҷамъбасти мақолаи худ муаллифон ба чунин хулоса омадаанд, ки сарулибос набояд ҳатман сиёҳ бошад; он бояд хеле хоксорона ва боиффат бошад, то мояи кибру худнамоӣ нагардад; либоси бонувони тоҷик бояд аз мардон фарқ дошта бошад, зеро симои зан дар фарҳанги миллии мо ҳамчун рамзи поктинатӣ, зебоӣ ва покдоманӣ аст; бо назардошти шароити имрӯза ва зарурати ҳифзи анъанаҳои суннатию динӣ бояд аз ҷониби тарроҳон либосҳои нави шинаму зебо барои бонувон дар шаклу намудҳои гуногун пешниҳод шаванд.