Убайдуллоев алайҳи “ифротгароӣ”-и занон қарор содир кард

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкҲиҷоб. Акс аз бойгонӣ
Ҳиҷоб. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пайи интиқоди президент, раиси шаҳри Душанбе қарор содир карда, ба масъулон дастур додааст, ки алайҳи “ифротгароӣ” миёни занон чораандешӣ кунанд.

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе дар пайи интиқоди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз рафтори бархе занони сатрпӯши тоҷик, қарори худро алайҳи "ифротгароӣ" миёни занон ба нашр расонид, омадааст дар сомонаи расмии раиси пойтахт.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди бунёди "Муҷассамаи модар"-ро кард

Бар асоси ин қарори Убайдуллоев, раисони шаҳру навоҳӣ, Раёсати умури дохилӣ, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Раёсати маориф ва илм, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Раёсати тандурустӣ, Раёсати кор бо занон ва оила, Шӯъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Муассисаи давлатии "Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе"-и пойтахт барои гузаронидани маъракаи "фаҳмондадиҳӣ" ва андишидани чораҳои мушаххас алайҳи "ифротгароӣ"-и занон ва духтарон муваззаф шудаанд.

Ҳарчанд санаи ин қарори Убайдуллоев 05.03.2015 нишон дода шудааст, аммо он рӯзи 14 марти соли равон, дақиқтараш баъд аз 6 рӯзи интиқоди Эмомалӣ Раҳмон рӯи чоп омад. Дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе ҳадаф аз роҳандозии ин корҳои "фаҳмондадиҳӣ"-ро "пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароёна миёни занону ҷавондухтарон" арзёбӣ кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, 6 март зимни мулоқот бо занони фаъоли ҷомеа тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакатро як раванди ташвишовар арзёбӣ намуд. Дар пайи ин интиқоди раисҷумҳури Тоҷикистон баъзе аз шабакаҳои телевизиони давлатии Тоҷикистон ба намоиши барномаҳои вижа дар бораи бадкориҳои баъзе аз занҳои ҳиҷобпӯши тоҷик пардохтанд. Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон бо пахши як гузориш аз фоҳишагии чанд зани ҷавони сатрпӯш хабар дод.

Лентаи хабарҳо
0