ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Ҷавонони ғаюру ватандӯсти мо набояд ришро ба ҳангома табдил дода, аз омӯзиши илму фан дар канор монанд, навиштааст, Маҳмуд Ғиёсов, корманди Маркази исломшиносии назди президенти Тоҷикистон дар АМИТ "Ховар".
Вай дар зимни матлабе бо номи "Ин қадар риш чӣ маънӣ дорад?" гуфтааст, ҷавонон маслиҳат дар он бинанд, ки ҳамин як масъалаи камарзиш ва аз нигоҳи булҳавасию таассуб муносибат кардан ба он боиси ҳангомаҷӯиҳои нодаркор гардида, масъалаи асосии даврони наврасию ҷавонмардӣ — андӯхти илми нофеъ ва аз худ кардани касбу ҳунарҳои зарурӣ ба фаъолиятҳои дуюмдараҷа табдил ёбад.
"Зеро ин қабил рафтори ноогоҳона ва якравӣ заминаи мазлуму ҷабрдида нишон додани ришдорон ва дар натиҷа ба болоравии ҳисси эътирозии ҷомеа сабаб шуда метавонад ва бадхоҳони рушди орому осоиштаи ҷумҳурии азизи мо онро ҳамчун падидаи маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон барои поён бурдани имиҷи байналмилалии кишвар истифода бурда метавонанд", — навиштааст Ғиёсов.
Ин корманди маркази исломшиносӣ изҳори умедворӣ кардааст, ки ҷавонон ба хотири "таъмини шукуфоӣ ва рушди устувори давлату миллати худ" ба дарки дурусти ин масъала сарфаҳм мераванд ва ба тундравию таассуб дар атрофи ин масъала роҳ намедиҳанд.
Ғиёсов навиштааст, бояд ин воқеиятро қабул кард, ки имрӯз мусулмонон дар бисёре аз масоили муҳим, ки заминасози тамаддунофарӣ ва пешрафту тараққиёт бошад, воқеан ғофил мондаанд.
"Вале дар атрофи ҷузъитарин масъалаҳои зоҳирии шаръӣ, монанди риш мондан, чигунагии андозаву намуди салла ва ғайра саропо ғӯтавар шудаанд. Аммо дар бораи масъалаҳои муҳимми рӯз, ки заминасози рушду такомул ва пешрафти моддию маънавӣ маҳсуб мешаванд, монанди фарзияти илмомӯзӣ, содиқ будан дар корҳо, ихтироъкорию навоварӣ ва ғайра беаҳаммиятӣ зоҳир менамоянд ё тамоман кам таваҷҷуҳ мекунанд", — зикр кардааст корманди маркази исломшиносӣ.
Дар идомаи матлаб вай иқдоми мақомот ва рӯҳоният барои ба танзим даровардани масъалаи мубрами рӯзи ҷомеаро зарурӣ ва ногузир хондааст.
"Зарурати ҳифзи сулҳу оромӣ дар кишвари мо тақозо менамояд, ки бо назардошти вазъи бӯҳронии сиёсӣ дар Ховари Миёна ба таври фаврӣ пешниҳодҳои созандаеро таҳия бикунем, ки бо мазҳаби ҳанафӣ ихтилоф надошта бошанд ва боиси қавӣ гардидани ваҳдати эътиқодӣ ва ватандӯстию худшиносии мо гардад, то нотавонбинон натавонанд дар атрофи як масъалаи ночизу беарзиш "аз пашша фил" созанд", — илова кардааст Ғиёсов.
Дар интиҳои матлаб вай гуфтааст, агар аз дохил бар асоси талаботи манфиатҳои миллӣ ва бақои давлатдории худ натавонем ниёзҳо ва афкори динии ҷомеаро ташаккул диҳем, бегонагон ба камтарин масраф афкори умумиро ба он самте, ки худ мехоҳанд, равона мекунанд.