Ҷеки Ин- барандаи ҷоизаи “Паёмбари Бузург”

© Sputnik / Валерий Титиевский / Гузариш ба медиабонкОзмоишгоҳ. Акс аз бойгонӣ
Озмоишгоҳ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мукофоти мазкур ба хотири қадрдонии донишмандон аз кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ таъсис дода шуда, арзишмандатарин ҷоиза маҳсуб мешавад.

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Донишманди 49-сола аз Сингапур, ки исмаш Ҷеки Ин аст,  бонуфузтарин ҷоизаи олами Ислом дар умури илм ва технология "Паёмбари Бузург"-ро ба худ ихтисос дод, менависад сомонаи "Ислам.ру".

Масҷид - Sputnik Тоҷикистон
Ҳамоиши байналмилалии ислом алайҳи ифротгароӣ ва терроризм дар Душанбе

"Ӯ барои дастовардҳои илмӣ дар тавлиди доруи бемории диабети қанд бо ин ҷоиза қадрдонӣ шудааст. Бону Ҷеки Ин 340 асари худро дар бонуфузтарин нашрияҳои дунё ба табъ расонида, соҳиби 150 шаҳодатномаи ихтироъкорӣ мебошад",- илова мекунад манбаъ.

Ҳамзамон, дар умури нанотехнология Умар Яҳё, кимиёдони урдунӣ, ки ҳамраиси пажуҳишгоҳи фанновариҳои навини Донишгоҳи Калифорния аст, соҳибҷоиза шудааст. Дар рақобат барои ба даст овардани мукофоти молӣ ҳудуди 600 олими ҷавон аз бахшҳои мухталифи илм, бо шумули дорандаҳои ҷоизаи Нобел вориди сабқат шудаанд.

Мукофоти ба номи "Паёмбари Бузург" ба ҳадафи дастгирии донишмандон аз кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ ва дигар олимони мусалмоне, ки таҳқиқоташон ба беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ кумак кардаанд, созмон дода шудааст.

Лентаи хабарҳо
0