ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Шайх Алӣ Қарадоғӣ, дабири кулли Иттиҳоди ҷаҳонии уламои мусалмон барои анҷоми як сафари расмӣ ва ширкат дар ҳамойиши байналмилалӣ вориди шаҳри Душанбе шуд, менависад хабаргузории Озодагон.
Ба иттилои манбаъ, Қарадоғӣ баъд аз зӯҳри сешанбе ба пойтахт омада, ӯро дар фурудгоҳ Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон истиқбол кард.
Қарор аст, имрӯз, 22 июл дабири кулли Иттиҳоди ҷаҳонии уламои мусулмон дар Конфронси байналмилалии "Ислом зидди ифротгароии динӣ ва терроризм", ки дар пойтахти кишвар шурӯъ гардид, суханронӣ кунад.
Гуфтанист, конфронси "Ислом зидди ифротгароии динӣ ва терроризм" имрӯз ва фардо дар Душанбе баргузор шуда, ба он 40 шахсияти рӯҳонӣ ва коршиноси варзидаи минтақа ва ҷаҳон, аз Русия, кишварҳои арабӣ, Ҳинд, Аврупо ва дигар кишварҳо ва ҳамчунин созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои динии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон даъват шудаанд.