ҶТ Созишнома дар бораи савдои озодро тасвиб кард

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкҲамли коло
Ҳамли коло - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Миёни кишварҳои ИДМ аз ҳама бештар табодули коло бо Русия ва Қазоқистон сурат мегирад. Тиҷорат бо ин кишварҳо ҳам мутаносибан 7,6 ва 18% кам гардидааст.

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Аъзои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Созишнома дар бораи савдои озодро тасвиб намуданд.

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Негматулло Ҳикматуллозода ҳангоми суханронӣ дар парлумони кишвар гуфт, зери ин шартнома дар доираи ИДМ соли 2011 имзо гузошта шудааст.

Дар Душанбе "Хонаи савдо"-и Узбакистон ифтитоҳ мешавад

"Ин шартнома ба мо имкон медиҳад, ки табодули колоро миёни кишварҳои узви ИДМ афзоиш диҳем. Ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ 45%-и умумиро ташкил медиҳад", — гуфтааст ӯ.

Ҳаҷми гардиши коло миёни Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ дар давоми 11 моҳи ахир 1,36% коҳиш ёфтааст. Миёни кишварҳои ИДМ аз ҳама бештар табодули коло бо Русия ва Қазоқистон сурат мегирад. Тиҷорат бо ин кишварҳо ҳам мутаносибан 7,6 ва 18% кам гардидааст.

Дар Шартнома дар бораи тиҷорати озод дар соҳаи савдо, гардиши озоди сармоя ва мол, инчунин фурӯши мол бо назардошти талаботи санитарию фитосанитарӣ баъзе аз сабукиҳо пешбинӣ шудааст.

"Аз замони имзои шартнома дар вазоратхонаҳову ниҳодҳои дахлдор тамоми ҷанбаҳои мусбату манфии ин шартнома ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ карда шудааст", — афзудааст Ҳикматуллозода.

Ӯ таъкид кардааст, ки бар асоси натоиҷи баррасиҳо ҷанбаи мусбати ин шартнома бештар аз ҷиҳати манфии он аст.

Лентаи хабарҳо
0