ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Соҳибкорони узбак дар пойтахти Тоҷикистон "Хонаи савдо"-и Узбакистонро ифтитоҳ менамоянд, иттилоъ додааст Хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати кишвар дар шарҳи хабари мулоқоти раҳбари ин ниҳод Шариф Саид бо ҳайати соҳибкорон аз Тошканд.
Ҷонибҳо дар ин вохурӣ масоили марбут ба равобиди дуҷонибаи иқтисодию тиҷории Узбакистон ва Тоҷикистон, тақвияти ҳамкории тиҷории доираҳои соҳибкории ду кишвар ва ифтитоҳи "Хонаи савдо"-и Узбакистон дар Душанберо баррасӣ кардаанд.
Ҳайати Узбакистонро дар ин мулоқот муовини раҳбари ширкати саҳҳомии"Узмарказимпекс" Сардор Абасханов, муовини раҳбари корхонаи "Mарказсаноатэкспорт" Олимҷон Қаюмов ва сардори Идораи маркетинги "Узпроммашимпекс" Сарвар Эргашев намояндагӣ мекарданд.
Дар нимсолаи аввали соли равон табодули коло миёни Тоҷикистону Узбакистон то 4,6 баробар афзоиш ёфта буд. Тибқи натоиҷи ин нимсола, ҳаҷми табодули коло миёни ду кишвар 1,7 миллион долларро ташкил медод, ки 1,4 миллион аз ҳисоби содироти коло ба Узбакистон мебошад.
Аз сӯи дигар, Нуриддин Маҳмадов, муовини раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон зимни нишасти хабариаш 14 январи соли равон гуфт буд, соҳибкорони Узбакистон майли ҳамкорӣ доранд ва бо қасди ба роҳ мондани ҳамкорӣ, ба Хадамоти гумрук муроҷиат кардаанд.
"Онҳо барои роҳандозии ҳамкорӣ ва омӯзиши бозор ба мо низ муроҷиат намуданд ва хоҳиши ҳамкорӣ доранд", — гуфта буд ин мақомдори давлатӣ.
Ба гуфтаи Маҳмадов, додугирифти мол миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон дар соли 2014 ҳамагӣ 6,2 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо имкониятҳои ду кишвар хеле ночиз аст. Хадамоти гумурки мегӯяд, Тоҷикистон бо Ӯзбакистон 16 гузаргоҳи сарҳадӣ дорад, ки феълан танҳо 7 адади он фаъол аст ва боқимонда ба таври яктарафа дар солҳои гузашта аз ҷониби Ӯзбакистон баста шудаанд.
Оқои Маҳмадов сабаби басташавии гузаргоҳҳоро гуногун арзёбӣ мекунад ва гузаргоҳи "Айваҷ" дар ҷануби Тоҷикистонро мисол овард, ки ба далели тахриби роҳи оҳани Узбакистон аз кор мондааст.