ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Беҳтарин тасмим миёни кишварҳо дар вазъи буҳронӣ гирифта мешавад ва ин вазъ ҳоло барои Душанбею Тошканд фурсати муносиберо фароҳам кардааст, мегӯяд иқтисодшинос ва таҳлилгари масоили минтақавӣ, ки аз гуфтани исмаш худдорӣ кард.
Соли 2015 аз солҳои пешин бо он фарқ мекунад, ки дар соли равон Душанбею Тошканд бевосита ба масоили равобити дуҷонибаи худ машғул шуданд. Барои мисол тирамоҳи соли равон мақомоти Тоҷикистону Узбакистон ба ҳамдигар имётизҳои гумрукӣ ҳангоми интиқоли коло тавассути роҳи оҳан қоил шуданд.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, бо вуҷуд дар мавриди "гармшавӣ"-и равобити ин ду кишвари ҳамсоя ҳанӯз чизе гуфтан барвақт аст. Ӯ мегӯяд, қадами аввале, ки метавонад, бозгӯкунандаи хуб шудани муносибатҳои Душанбею Тошканд бошад, ин азсаргирии рафтуои ҳавоӣ миёни кишварҳост.
"Вақте ду кишвари дар ҳоли низоъ бо ҳам дӯст мешаванд, аввалин коре, ки мекунанд, ин роҳандозии парвозҳои мустақим миёни пойтахтҳои худ аст ва қадами дуюм бекор кардани низоми раводид ва баъдан имтиёзҳои гумрукӣ мебошад", — афзуд ҳамсуҳбати мо.
Ба назари ӯ, ҳар қадаре, ки вазъи буҳронӣ пурзӯр шавад, ҳамон қадар роҳ барои амалишавии ин корҳо ҳамвор мешавад.
"Кишварҳо бояд гуруҳҳои кориеро ташкил намоянд, ки 70%- онро намояндагони корхонаҳои хусусӣ ташкил диҳанд. Зеро аслан онҳо бо ҳам кор мекунанд", — мегӯяд ӯ.
Ба гуфтаи ин иқтисодшинос, то ҷорӣ шудани низоми раводид миёни Тоҷикистону Узбакистон ҳаҷми табодули коло миёни ду кишвар дар сол 300 миллион долларо ташкил медод. Аммо ҳоло ин нишондод то ба 3 миллион расидааст.
Дар ҳақиқат ҳаҷми табодули коло миёни ин ду кишвари ҳамсоя, бо вуҷуди афзоишаш нисбат ба соли гузашта ба нишондодҳои пешин нарасидааст. Тайи солҳои ахир ҳаҷми табодули коло то даҳ бор баробар коҳиш ёфтааст.
Ҳаҷми табодули коло дар давоми 9 моҳи соли равон миёни Тоҷикистону Узбакистон ба 8,8 миллион доллар расидааст, ки нисбат ба нишондоди соли гузашта 3,2 миллион зиёд мебошад.