Пешниҳоди ҶТ ба Тошканд барои 50% пойин бурдани арзиши ҳамлу нақл

© Sputnik / Фируз УмарзодаМуовини раиси "Роҳи оҳани Тоҷикистон" Баҳром Шодиев дар нишасти матбуотӣ
Муовини раиси Роҳи оҳани Тоҷикистон Баҳром Шодиев дар нишасти матбуотӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барои афзоиши мизони ҳамлу нақли коло тавассути роҳи оҳан раҳбарияти ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ба ҳамтоёни ӯзбаки худ пешниҳод кардаанд, ки арзиши ҳамлу нақл пойин бубаранд, инчунин ҳаракати қаторҳо тавассути роҳи оҳани Тирмиз-Амузанг азсар гирифта шавад.

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Ҷониби Тоҷикистон дар чаҳорчӯби комиссияи байниҳукуматӣ пешниҳод кардааст ҳамлу нақли коло тавассути қаламрави ҳар ду кишвар 50% пойин бурда шавад, гуфт муовини раиси Роҳи оҳани Тоҷикистон Баҳром Шодиев рӯзи сешанбе дар нишасти матбуотӣ.

“Роҳи оҳани Тоҷикистон”: бо ҳамтоёни ӯзбек муносибати хуб дорем

Ба гуфтаи муовини раиси "Роҳи оҳани Тоҷикистон" дар чаҳорчӯби ҷаласаи севвуми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбакистон 

ҷонибҳо дар заминаи ҳамгироӣ дар бахши нақлиётиву иртиботӣ тавофуқ карда аз ҷумла ба зарурати афзоиши ҳамлу нақли коло тавассути роҳи оҳани ин ду кишвар таъкид кардаанд.

"Комиссия ба руасои ҳар ду ҷониб дастур дод, ки ҳар ду кишвар пешниҳодоти мушшахасе барои пойин бурдани арзиши ҳамлу нақли коло тавассути роҳи оҳани Тоҷикистон ва Ӯзбакистонро ироъа кунанд. Мо низ дар ин комиссия ширкат мекунем ва пешниҳод кардем, ки ҳар ду ҷониб қиммати ҳамлу нақлро 50 дарсад пойин бубаранд", — гуфт Шодиев.

Вай хабар дод, ки ҷониби Тоҷикистон ҳамчунин ба ҷониби Ӯзбакистон пешниҳод кардааст, ки роҳи оҳани қитъаи Тирмиз-Амузангро бозсозӣ кунанд, вале то ҳол посухе дарёфт накардааст. Ҳаракати қаторҳо дар ин масир соли 2011 мутаваққиф шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0