ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Ҳамкорӣ бо Русия ва дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар масири мубориза алайҳи терроризм дар авлавият қарор дорад, изҳор кард сардори раёсати 10-уми Вазорати умури дохилаи ҶҚ.
Дар Қирғизистон падидаи номатлуби авҷи ифротгароии исломӣ ба назар мерасад: афзудани ҷонибдорони созмонҳои мамнӯъ, зиёд гардидани теъдоди ҷавонон дар ин ташкилотҳо, инчунин ҳузури бонувон дар созмонҳои табӯшуда ва ширкати шаҳрвандони Қирғизистон дар муноқишаҳои низомӣ дар хориҷ аз кишвар.
Тибқи иттилоъи ғайрирасмӣ, ҷалбгарон (ҳамкорон- шарҳ аз идора)-и "Давлати исломӣ" барои анҷоми фаъолияти худ дар қаламрави давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳар моҳ даҳҳо ҳазор доллар мегиранд.
"Имкони роҳандозии амалиёти муваффақона алайҳи терорризм дар маҳдудаи танҳо як кишвар вуҷуд надорад, зеро ин раванд ҷанбаи глобалӣ дорад. Дар ин замон ҳар чӣ бештар ба иттиҳод ва ҳамдастии кишварҳои минтақа, аз ҷумла давлатҳои Осиёи Марказӣ ниёз дорем. Русия ва Қазоқистон дар ин иттиҳод бояд нақши калидӣ дошта бошанд",- гуфт Раҳмонов дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии ВКД.
Ӯ илова кард, ки яке аз роҳҳои гирифторшавии ҷавонони Қирғизистон ба ҷараёнҳои тундравӣ ва ифротгаройӣ "муҳоҷирати онҳо ба Қазоқистон ва Русия" маҳсуб меёбад.
Ба қавли Раҳмонов, дар ҳоли ҳозир дар қаламрави кишварҳои аъзои СҲШ ва СПАД беш аз 50 созмони ифротгаройӣ ба фаъолияти тахрибкорӣ машғуланд. Ба ин қабил ташкилотҳо ДИ ва "Ҷабҳат-ан-Нусра" низ шомиланд.