Тоҷикистон Сангтӯда-1-ро ба хотири "Барқи Тоҷик" аз андоз озод кард

© Sputnik / Сергей ГунеевНБО Сангтуда-1 дар Тоҷикистон
НБО Сангтуда-1 дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон нерӯгоҳи барқи обии Русия ва Тоҷикистонро на танҳо аз қарзи андоз инчунин аз пардохти андоз дар соли 2016 озод кард. Қарори мазкурро бояд ширкати “Барқи Тоҷик” дастгири намояд.

ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи буҷети давлатӣ дар соли 2015 иҷозат дод, ки қарзи Сангтӯда-1 дар назди Кумитаи андози Тоҷикистон ба маблағи умумии 28 миллион сомонӣ бахшида шавад, хабар медиҳанд ВАО-и маҳаллӣ.

Инчунин Сангтӯда-1 аз пардохти андоз дар соли 2016 озод шудааст.

Қарзи Барқи тоҷик дар назди Сангтӯда-1 ба  $83 млн баробар шуд - Sputnik Тоҷикистон
Қарзи “Барқи тоҷик” аз НБО “Сангтӯда-1” боз 10% афзоиш ёфт

Тавре муовини аввали Вазорати молияи Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода дар ҷаласаи парлумон қайд кард, ин қарори ҳукумат ба хотири дастгирии ширкати "Барқи тоҷик", ки мушкили молӣ дорад, равона шудааст.

Қарзи ширкати "Барқи тоҷик" дар назди нерӯгоҳи Сангтӯда-1 то 1-уми декабри соли равон баробар ба 513 миллион сомонӣ шудааст.

"Бо озод кардани Сангтӯда-1 аз қарзи андозаш дар назди Кумитаи андоз 28 миллион сомонӣ қарзи ширкати "Барқи тоҷик" аз ин нерӯгоҳ башхида мешавад",- гуфт Каримзода.

Нерӯгоҳи барқии обии Тоҷикистону Русия ба хотири пардохт нашудани пули барқ аз ҷониби ширкати "Барқи тоҷик", ки муштарии аслии барқи ин неругоҳ аст, ба феҳристи бузургтарин қарздорони Кумитаи андоз шомил гардидааст.

НБО Сангтӯда-1 дар дарёи Вахш. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
НБО Сангтӯда-1: пардохти қарзҳои андоз аз “Барқи тоҷик” вобаста аст

Тобистони соли ҷорӣ хадамоти матбуотии НБО иттилоъ дода буд, ки ҶСК "Сангтӯда-1" омода аст, қарзи андозашро дар назди буҷаи Тоҷикистон пардохт намояд, албатта, дар сурате ки ширкати "Барқи тоҷик" қарзи ширкатро баргардонад.

Инчунин дарҷ шуда буд, ки қарзи "Барқи тоҷик" дар назди "Сангтӯда-1" ҳар моҳ ба $2 миллион доллар афзоиш меёбад.

Нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" ширкати муштараки Тоҷикистону Русия аст, ки дар моҳи феврали соли 2005 ба манзури анҷоми сохтмон ва истифодаи нерӯгоҳ дар рӯдхонаи Вахш дар Тоҷикистон таъсис шуда буд.

Зарфияти нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" 670 МВт мебошад. Чархаи аввали нерӯгоҳ 20 январи соли 2008 фаъол шуда буд. Мавриди истифодаи комил қарор гирифтани ин нерӯгоҳ бо чаҳор чарха 31 июли соли 2009 сурат гирифт.

Нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" ҳудуди 15% куллияи тавлидоти нерӯи барқ дар Тоҷикистонро таъмин мекунад.

Лентаи хабарҳо
0