НБО Сангтӯда-1: пардохти қарзҳои андоз аз “Барқи тоҷик” вобаста аст

© Sputnik / Андрей Бабушкин / Гузариш ба медиабонкНБО Сангтӯда-1 дар дарёи Вахш. Акс аз бойгонӣ
НБО Сангтӯда-1 дар дарёи Вахш. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нерӯгоҳи муштараки Русияву Тоҷикистон бо айби ширкати давлатии ҳолдингии барқӣ- ягона харидори тавлидоти он ба феҳрасти қарздорони бузурги андоз ворид гардид.

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. ҶСК "Сангтӯда-1" омода аст, ки қарзашро дар назди буҷаи Тоҷикистон соф кунад, агар ширкати ҳолдингии "Барқи тоҷик" дар навбати худ қарзҳояшро ба ширкат пардохт намояд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии НБО.

"ҶСК "НБО Сангтӯда-1" бароии пурра пардохт кардани қарзаш дар назди буҷаи давлатӣ манфиатдор аст, аммо ҳалли масъала дар сурате имконпазир мебошад, агар "Барқи тоҷик" қарзашро, ки аз харидории барқи тавлидии ин корхона дар солҳои гузашта ба вуҷуд омадааст, анҷом бидиҳад",- иқтибос меорад дафтари матбуотӣ аз ҳарфҳои сарвари кулли неругоҳ Павел Лавров.

Қарзи Барқи тоҷик дар назди Сангтӯда-1 ба  $83 млн баробар шуд - Sputnik Тоҷикистон
Қарзи “Барқи тоҷик” аз НБО “Сангтӯда-1” боз 10% афзоиш ёфт

Қарзи андози НБО Сангтӯда-1 ба 33,2 миллион сомонӣ баробар аст ва он ба сари вақт пардохт нашудани маблағи барқи истеҳсолӣ аз ҷониби ширкати ҳолдингии "Барқи тоҷик" иртибот дорад.

Ҳамзамон, қарзи ширкати ҳолдингии "Барқи тоҷик" дар назди НБО "Сангтӯда-1" то 1-уми июли соли равон ба 497 миллион сомонӣ расидааст.

Нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" ширкати муштараки Тоҷикистону Русия аст, ки дар моҳи феврали соли 2005 ба манзури анҷоми сохтмон ва истифодаи нерӯгоҳ дар рӯдхонаи Вахш дар Тоҷикистон таъсис шуда буд. Барои бунёди ин иншоот ширкатҳои мухталифи Русия (аз ҷумла ҶСК "ИНТЕР РАО ЕЭС")  дар чорчӯби ҳамкории стратегӣ бо Тоҷикистон беш аз 16 миллиард рубл масраф кардаанд.

Зарфияти нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" 670 МВт мебошад. Чархаи аввали нерӯгоҳ 20 январи соли 2008 фаъол шуда буд. Мавриди истифодаи комил қарор гирифтани ин нерӯгоҳ бо чаҳор чарха 31 июли соли 2009 сурат гирифт. Нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" ҳудуди 15% куллияи тавлидоти нерӯи барқ дар Тоҷикистонро таъмин мекунад. Саҳми ҷониби Русия дар маблағи таъсисотии ин нерӯгоҳ 75% аст.

Лентаи хабарҳо
0