Қарзи “Барқи тоҷик” аз НБО “Сангтӯда-1” боз 10% афзоиш ёфт

© Фото : sangtuda.comҚарзи "Барқи тоҷик" дар назди "Сангтӯда-1" ба $83 млн баробар шуд
Қарзи Барқи тоҷик дар назди Сангтӯда-1 ба  $83 млн баробар шуд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳбарияти нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” ба болоравии қарзи ширкати барқи кишвар ишора мекунанд, аммо масъулини ҳукумати ҷумҳурӣ мегӯянд, дар ин самт мушкилот вуҷуд надорад.

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Қарзи ширкати ҳолдингии "Барқи тоҷик" дар назди НБО "Сангтӯда-1" аз моҳи феврал то майи соли равон ба $44,6 миллион, ё 9,6% афзоиш ёфтааст, омадааст дар хабари сомонаи нерӯгоҳи барқии обӣ.

Новобаста аз созишномаи Тоҷикистону Русия дар бораи дар соли 2015 боло нарафтани қарзи "Барқи тоҷик" аз барқи интиқолии "Сангтӯда-1", маблағи қарзи мазкур дар моҳи май афзоиш ёфта, тибқи натоиҷи ҷамъбастӣ он 10% бештар шуда ба 498,7 миллион сомонӣ баробар шудааст. Ҳол он ки ин рақам дар моҳи феврали соли равон 454,1 миллион сомонӣ буд.

Тоҷикистон бори дигар қавл дод, ки қарзҳои "Сангтӯда-1"-ро медиҳад

Аснои ҷаласаи байниҳукуматӣ дар Маскав, ки моҳи феврал сурат пазируфт, ҷониби Тоҷикистон иброз дошт, дар пардохти қарз мушкил вуҷуд надорад, қарзи ҷамъшуда аз солҳои қаблӣ ба вуҷуд омадааст.

Ширкати "Барқи тоҷик" бояд талош кунад, ки мизони қарзҳояш аз "Сангтӯда-1" афзоиш наёбад ва қарзи аслӣ барои нерӯи барқи тавлиди ин нерӯгоҳро, ки андозааш аз $75 млн бештар шудааст бозпас бидиҳад.

Барқи тоҷик. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Қарзи "Барқи тоҷик" дар назди "Сангтӯда-1" 2 млн. доллар афзоиш ёфт

Аз моҳи январ то майи соли 2015 тавлиди барқ дар дуввумин нерӯгоҳи бузурги кишвар 875,4 миллион киловатт соатро ташкил дод, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 15,8 миллион кВт соат камтар аст.

Дар поёни соли 2014 қарзи "Барқи тоҷик" барои харидории нерӯи барқи тавлиди "Сангтӯда-1" 439,5 миллион сомонӣ ё $82,4 миллион (тибқи мизони арзии БМТ $1=5,33 сомонӣ) буд.

Нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" ширкати муштараки Тоҷикистону Русия аст, ки дар моҳи феврали соли 2005 ба манзури анҷоми сохтмон ва истифодаи нерӯгоҳ дар рӯдхонаи Вахш дар Тоҷикистон таъсис шуда буд. Зарфияти нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" 670 МВт мебошад. Чархаи аввали нерӯгоҳ 20 январи соли 2008 фаъол шуда буд. Мавриди истифодаи комил қарор гирифтани ин нерӯгоҳ бо чаҳор чарха 31 июли соли 2009 сурат гирифт.Нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" ҳудуди 15% куллияи тавлидоти нерӯи барқ дар Тоҷикистонро таъмин мекунад. Саҳми ҷониби Русия дар маблағи таъсисотии ин нерӯгоҳ 75% аст.

Лентаи хабарҳо
0