Латифзода устоди Академия дар Сан-Франсиско таъин шуд

© Sputnik / Амир ИсаевОркестри симфонии театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ. Акс аз бойгонӣ
Оркестри симфонии театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Оҳангсози тоҷики муқими Амрико ба ҳайси устоди Академияи мусиқии шаҳри Сан-Франсиско ба фаъолият оғоз кард.

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Оҳангсози тоҷики муқими Амрико Алишер Латифзода, чанд рӯз қабл устоди фанни композитсия ва назарияи мусиқии Академияи мусиқии шаҳри Сан-Франсискои Амрико таъин шуд.

Ин устоди 53-сола барои донишҷӯён ва омӯзгорон ба забони англисӣ садҳо асар ва даҳҳо дастур навишта, аз соли 2004 дар ИМА кору зиндагӣ мекунад.

Овозхони опера қабл аз бозӣ бо Ӯрдун суруди миллии ҶТ-ро месарояд

Алишер Латифзода муаллифи садҳо асари мусиқӣ дар жанрҳои симфония, мусиқии инструменталӣ, мусиқии камеравӣ ва дигарҳо мебошад. Узви Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон ва Ӯзбакистон аст. Соли 2000 ба Ҷамъияти амрикоии оҳангсозон, муаллифон ва ноширон қабул шуда, аз соли 2007 дар ҳайати Академияи байналмилалии салтанатии милали муттаҳид кор мекунад.

Номбурда оҳангсоз ва омӯзгори мусиқӣ, мутахассиси жанрҳои симфония, мусиқии инструменталӣ, камеравӣ ва театриву вокалӣ аст, ки дар солҳои мухталиф дар саҳнаҳои консертии Тошканд, Бишкек, Маскав, Париж, Ню-Йорк ва шаҳрҳои дигар иҷро шудааст.  Муаллифи асарҳои симфонии "Тоҳир ва Зӯҳро",  "Манас", "Китоби дарвеш", "Толеранс", "Чорзарб", "Фиғон", "Найоҳанг" ва дигарҳо аст. Оҳангҳои Латифзода дар саҳнаҳои консертии ИМА, Шветсия, Чин, Русия ва Қазоқистон иҷро мешаванд.

Асосан барои оркестрҳои симфониву камеравӣ, гурӯҳҳои милии классикии тоҷикиву форсӣ, ҳиндиву чинӣ бо истифодаи фортепиано, виолончел, скрипка ва асбобҳои дигар иҷро мешаванд.  

Лентаи хабарҳо
0