Овозхони опера қабл аз бозӣ бо Ӯрдун суруди миллии ҶТ-ро месарояд

© Официальный сайт ФФТТими мунтахаби футболи Ӯрдун рӯзи 8 июни соли 2015 ба Душанбе омад
Тими мунтахаби футболи Ӯрдун рӯзи 8 июни соли 2015 ба Душанбе омад - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
ФИФА ва КФО барои иҷрои суруди миллӣ бе мусиқӣ қабл аз бозии интихобии тимҳои футбол иҷоза доданд, дар таърихи футболи Тоҷикистон бошад ин барои аввалин бор ба вуқӯъ хоҳад пайваст.

ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Барои нахустин бор суруди миллии Тоҷикистон қабл аз бозии дастаи мунтахаби кишвар бо Ӯрдун дар иҷрои "а капелла" садо медиҳад, менависад сомонаи Федератсияи футбол.

"Суруди миллӣ аз ҷониби сарояндаи театри опера ва балет иҷро мешавад",- омадааст дар хабари манбаъ.

Федератсияи футболи байналмилалӣ (ФИФА) ва Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) барои иҷрои суруди миллӣ бе мусиқӣ иҷоза доданд.

Бозӣ миёни тими мунтахаби футболи Тоҷикистон ва дастаи милии футболи Ӯрдун рӯзи 11 июн соати 20-00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар пойтахти кишвар баргузор мегардад.

Лентаи хабарҳо
0