Ҳолномаи раисҷумҳури Тоҷикистон- Эмомалӣ Раҳмон

Обуна шудан
Аз соли 1999 бо ворид кардани тағйирот ба Конститутсия (Сарқонун)-и Тоҷикистон муҳлати президентиро ба 7 солӣ тамдид карданд. Тибқи қонунгузории кишвар соли 2013 Эмомалӣ Размон барои охирон бор президенти Тоҷикистон интихоб шуд.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1969, баъд аз хатми Омӯзишгоҳи касбию техникии № 40-и шаҳри Калининобод (алъон Сарбанд), ба ҳайси устои барқ дар Корхонаи равғанкашии шаҳри Қӯрғонтеппа шурӯъ намудааст.

Солҳои 1971-1974 ба ҳайси сарбоз-баҳрнавард дар Флоти уқёнуси Ором хидмати Модар-Ватанро анҷом додааст. Пас аз хизмати ҳарбӣ ба зодгоҳи худ баргашта, дар совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара кор кардааст.

Соли 1982 факултети иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуд.

Инаугуратсияи Эмомалӣ Раҳмон. Соли 2013 - Sputnik Тоҷикистон
Бо амри дил: Эмомалӣ Раҳмон “Пешвои миллат” эълон шуд

Солҳои 1976-1987 дар вазифаҳои котиби раёсат, раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара фаъолият дошт. Чанд муддат ба ҳайси корманди ҳизбӣ (ҳизби коммунистӣ) ифои вазифа кардааст.

Аз соли 1987 то соли 1992 директори совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара шуда кор кардааст.

Соли 1990 Эмомалӣ Раҳмон вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ХII интихоб мешавад. Тирамоҳи соли 1992 Раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони халқи вилояти Кӯлоб интихоб гардид.

19-уми ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

6-уми ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ Президенти  Тоҷикистон интихоб шуд. Ҳамин тавр, минбаъд дар интихоботҳои президентии соли 1999, 2006 ва 2013, ки дар санаи 6-уми ноябр баргузор шуд, се бори дигар Президент интихоб шуд.

Раҳмон: барканор шудани 2 президент ва 5 ҳукумат бароям сабақ шуд

Аз соли 1999 бо ворид кардани тағйирот ба Конститутсия (Сарқонун)-и Тоҷикистон муҳлати президентиро ба 7 солӣ тамдид карданд. Тибқи қонунгузории кишвар соли 2013 Эмомалӣ Размон барои охирон бор президенти Тоҷикистон интихоб шуд.

Қаҳрамони Тоҷикистон (аз 11 декабри соли 1999) мебошад.

Ҳамзамон, Эмомалӣ Раҳмон Раиси ҳукумати Тоҷикистон, Сарфармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳ, Раиси Кумитаи миллии олимпӣ, Раиси Шӯрои амният, Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ, Раиси Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон — "Пайванд", Роҳбари ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон мебошад.

Раисҷумҳури Тоҷикистон- Эмомалӣ Раҳмон соҳиби ҳамсар ва нӯҳ фарзанд (ҳафт духтару ду писар) мебошад.

Лентаи хабарҳо
0