Душанбе, 17 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аснои суханронӣ дар Ҳамоиши байналмилалӣ ба ифтихори 20-солагии таъсиси Суди конститутсионии ҶТ ин ниҳодро нишонаи давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд будани кишвар арзёбӣ карда, илова намуд, ки мавҷудияти чунин мақом ифодаи ҳадафи давлат ва миллат дар самти бунёди ҷомеаи адолатпарвар мебошад, менависад сомонаи расмии раисҷумҳур.
"Суди конститутсионӣ фаъолияти меъёрэҷодкунии мақомоти давлатиро назорат карда, ҳама гуна санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба Конститутсия мухолифатдоштаро бекор мекунад ва бо ҳамин роҳ ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрвандро, ки дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва Конститутсияи мамлакат пешбинӣ шудаанд, таъмин менамояд",- иброз дошт сарвари давлат.
Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои 90-уми асри гузашта ёд карда, таъкисд сохт, ки он вақт мухолифони Суди конститутсионӣ низ буданд, вале ӯ ҳамчун роҳбари давлат аз таъсиси чунин ниҳод ҷонибдорӣ намуд.
"Аснои таҳияи лоиҳаи Сарқонун андешаҳое низ садо медоданд, ки ҷонибдорони онҳо таъсис, мавҷудият ва фаъолияти мақомоти назорати конститутсиониро дар низоми ҳокимияти давлатӣ, хусусан ҳокимияти судӣ амри воқеӣ ҳисоб намекарданд ва онро асоснок намешумориданд. Аммо таваҷҷуҳи ман ҳамчун роҳбари давлат ба таъсис ва мавҷудияти мақоми махсусгардонидашудаи назорати конститутсионӣ дар мамлакат ҷиддӣ буд, ки он сабабҳои объективии худро дошт",-қайд кард оқои Раҳмон.
Ба гуфти Эмомалӣ Раҳмон, сабаби таваҷҷуҳаш ба таъсиси Суди конститутсионӣ ба ғайриконститутсионӣ барканор шудани ду президент ва панҷ ҳукумат дар соли 1992 буд.
"Бесарусомонии дар мамлакат солҳои 1990-1992 ба миёномада, аз ҷумла беэътиноӣ ба конститутсияи амалкунанда ва танҳо дар давоми як сол, яъне соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олӣ ба Конститутсияи Тоҷикистон даҳ маротиба ворид намудани тағйиру иловаҳо, ғайриконститутсионӣ барканор кардани ду президент ва панҷ ҳукумат, ки оқибат мамлакатро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ тела доданд, шахсан барои ман сабақи таърихӣ буд".
Президенти Тоҷикистон дар охири суханронӣ изҳори боварӣ кардааст, ки судҳо ба бовару эътимоди ҷомеа ноил мегарданд ва дар роҳи расидан ба адолат ба мардум хидмат хоҳанд кард.