ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тарҳи ниҳоии қонун "Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат"-ро, ки аз сӯи бархе аз вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуда буд, қабул кард.
Қабл аз овоздиҳӣ дар парлумон, раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров гуфт, ӯ "бо амри дил" ба ҷонибдорӣ аз қабул шудани қонуни мазкур раъй медиҳад.
"Эътирофи Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси пешвои миллат ба маънои аз демократия сарфи назар кардани Тоҷикистон нест. Таҷрибаи эътирофи раҳбарон ва пешвоҳои миллат, аз Амрико сар карда, то Ҳиндустону Покистон ва Қазоқистон низ буда, "аз шинохт ва эътирофи онҳо демократия ва озодиҳо дар кишварашон ҳеч осеб надидааст",- иброз дошт ӯ.
Зуҳуров афзуд, бовар кунед, мо давлати худро дӯст медорем, демократия ва ҳуқуқҳоро эҳтиром мекунем, вале мехоҳем сифатҳои баланди фарзандони миллатро қадр намоем.
Вакили парлумон ва раҳбари пешини Кумитаи дин Абдураҳмон Холиқзода, ки яке аз муаллифон ва пешниҳодкунандагони тарҳи қонуни мазкур аст, мегӯяд, тарҳи ин қонун аз сӯи як гурӯҳ аз намояндагони халқ омода шуда, аз 16 модда иборат буда, тартиби арҷгузорӣ ба шахси "Пешвои миллат", инчунин, ҳуқуқу салоҳиятҳо ва имтиёзҳояшро мушаххас кардааст.
Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон 63 сол дошта, тайи 23 соли ахир зимоми қудратро дар Тоҷикистон дар даст дорад. Ӯ 19 ноябри соли 1992 дар синни 40-солагӣ дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ — парлумони вақти Тоҷикистон раиси Шӯрои Олӣ ва дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 1994 президенти Тоҷикистон интихоб шуд.
Оқои Раҳмон дар интихоботи президентии соли 1999 бо баргузории райъпурсӣ замони раёсати худро барои 7 соли дигар тамдид кард. Зимнан, дар солҳои 2006 ва 2013 Эмомалӣ Раҳмон бо аксарияти орои мардум президенти кишвар интихоб шуд.