Боз як фоҷиа: ҳалокати милиса дар Бартанг бар асари резиши санг

© Sputnik / Борис Ушмайкин / Гузариш ба медиабонкРоҳи кӯҳистони Помир. Акс аз бойгонӣ
Роҳи кӯҳистони Помир. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳудуди 700 манзил дар водии Бартанги ноҳияи Рӯшон дар заминҷумбиҳои рӯзи гузашта хисорот дида, тибқи ҳисобҳои пешакӣ 200 манзил пурра хароб гардида, наздик ба 500 манзили сокинони минтақа қисман осеб дидаанд.

ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Дар пайи заминларзаҳои давомдор дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як корманди милисаи минтақавӣ дар водии Баратанг ба ҳалокат расидааст, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.

Халтаи орд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Таъсиси Комиссияи ҳукуматӣ барои бартарафкунии оқибати зилзила

"Аснои сафар ба водии Бартанг мошини кормандони милиса зери резиши сангпораҳо мемонад, ки дар натиҷа нозири минтақавии ҷамоати деҳоти Паскуфи ноҳияи Рӯшон Илҳомбег Шогунбеков ба ҳалокат мерасад",- мегӯяд манбаъ.

Зимнан, рӯзи гузашта бар асари фаромадани сангпора дар километри 462-юми шоҳроҳи Душанбе- Хоруғ дар деҳаи Хехики ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ  як автомашинаи боркаши тамғаи «Дулан» зери санг монда, ронанда Ҷонӣ Ғаниев ба ҳалокат расида буд.

Бино ба маълумоти муассисаи илмии "Хадамоти геофизикӣ"-и Академияи илмҳо рӯзи гузашта дар Бадахшон се бор ларзидани замин ба қайд гирифта шуд. Ларзиши аввал соати 12-50  ба вақти маҳаллӣ ба вуқуъ пайваст.

Хисороти зилзила: ҳалокати 1 нафар ва захм бардоштани 10 тан дар ВМКБ

Маркази заминларза дар 357 км ҷанубу шарқи Душанбе дар 22-километрии кӯли Сарез воқеъ будааст, ки шиддати он  ба7-8 бали ҷадвали Рихтер арзёбӣ мешавад. Ларзиши замин дар Сарез 5-6 ва дар шаҳри  Душанбе 3-4 балро ташкил дод.

Бори дуюм, соати 15-04 дар 370 километри ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе ларзиши замин ба қайд гирифта шуд, ки  дар марказаш 5-6 бал ва дар шаҳри Душанбе 2-3 балро ташкил дод. Такроран баъди 30 дақиқа дар ҷойи аввала заминларза ба вуқуъ пайваст, ки қувваи он  дар марказаш ба 5-6 бал ва дар шаҳри Душанбе 2-3 бал баробар буд.

Алъон, ҳукумат комиссияи вижаро таҳти сарварии муовини нахуствазири кишвар Азим Иброҳим барои ҳисоб ва бартараф кардани хисороти ворида ташкил додааст.  

Лентаи хабарҳо
0