Хисороти зилзила: ҳалокати 1 нафар ва захм бардоштани 10 тан дар ВМКБ

© Sputnik / Хилватшо ХоджаевРоҳ ва пули мошингузар дар рустои Поймазори ноҳияи Ванҷи ВМКБ. Акс аз бойгонӣ
Роҳ ва пули мошингузар дар рустои Поймазори ноҳияи Ванҷи ВМКБ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Феълан дар қаламрави вилояти Бадахшон Комиссияи вижаи ҳукуматӣ ба дақиқ кардани ҳаҷми хисороти воридшуда дар пайи заминларза машғул аст.

ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Бар асари зилзила, ки соати 12-50 дақиқаи рӯзи гузашта ба вуқӯъ пайваст, дар қаламрави вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бархе аз манозили маскунӣ хароб гардида, як нафар ба ҳалокат расидааст, ба ғайр аз ин 10 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Кӯли Сарез. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Кӯли Сарез аз зилзила зарар надидааст

Тибқи иттилоъи идораи давлатии «Хадамоти геофизикӣ»-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази заминларза дар 357 км  ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе ва километри 22-юм аз кӯли Сарез  ҷойгир буда,  шиддати он дар марказ 7-8 бал, дар Сарез  5-6 ва дар шаҳри Душанбе 3-4 балро ташкил дод.

Заминларзаи такрорӣ соати 15-04 дақиқа дар 370 километри ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шуд, ки  дар марказаш 5-6 ва дар пойтахти кишвар 2-3 балро ташкил дод. Ҳамчунин, соати 15-34 дақиқаи ҳамон рўз дар 357 километри ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе,  22 километр аз кўли Сарез заминларза  ба вуқуъ пайваст, ки қувваи он дар марказаш ба  5-6 ва дар шаҳри Душанбе 2-3 бал баробар буд.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ омори қаблиро пахш карда, мегӯяд, бар асари заминларза дар қаламрави вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон хисороти зиёд ба қайд гирифта шудааст.

Рӯди Ванҷ дар ноҳияи Ванҷ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ванҷ: тахриби як манзили зист дар пайи заминларза

"Дар натиҷаи заминҷунбӣ дар рустои Ғудараи ҷамоати Савноби водии Бартанг манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти ёрирасон зарар дида, 10 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Дар мавзеи Булункули ноҳияи Мурғоб  иншооти ёрирасон ва манзилҳои истиқоматӣ хароб гардидаанд. Дар километри 432-юми шоҳроҳи Душанбе- Хоруғ дар мавзеи Ғошғарфи ноҳияи Дарвоз ва дар километри 452-юми ҳамин шоҳроҳ  дар мавзеи Туғаки ноҳияи Ванҷ дар натиҷаи сангрезӣ аз баландиҳо роҳ маҳкам шуда, ҳаракати нақлиёт ғайриимкон гардидааст",- меафзояд манбаъ.

Зимнан, бар асари фаромадани сангпора дар километри 462-юми шоҳроҳи  Душанбе- Хоруғ дар деҳаи Хехики ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ  як автомашинаи боркаши тамғаи «Дулан» зери санг монда ронанда ба ҳалокат расидааст.

Айни замон Комиссияи вижаи ҳукуматӣ таъсис ёфта, ҷараёни ироаи кӯмакҳои аввалиндараҷа ба сокинони зарардидаи Бадахшон  таҳти назорати бевоситаи раисҷумҳури Тоҷикистон қарор дорад.    

Лентаи хабарҳо
0