Тоҷикистону Ӯзбакистон дар масоили раводид гуфтугӯро шуруъ карданд

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкСаммити СҲШ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Саммити СҲШ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Душанбеву Тошканд имконоти тамдид кардани муҳлати раводидро аз 30 то ба 60 рӯз ва ба роҳ мондани парвозҳои ҳавоиро, ки бештар аз 10 соли қабл барҳам хӯрда буданд, ба баррасӣ гирифтанд.

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Имконоти тамдиди муҳлати сафар бидуни раводиди мутақобил байни Тоҷикистону Ӯзбакистон зимни дидори муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон Парвиз Давлатзода бо сафири Ӯзбакистон дар Тоҷикистон Шоқосим Шоисмоилов баррасӣ шуд, хабар медиҳад сомонаи Anhor.uz

Дидоре, ки зимни он масоили мубрами дуҷониба ва минтақа баррасӣ шуданд, шоми 8 январ баргузор гардид, хабар медиҳад сомонаи ВКД ҶТ.

"Таваҷҷуҳи хоса ба татбиқи амалии қарордодҳои сарони ду давлат, ки дар мулоқоти онҳо дар ҳошияи Саммити СҲШ дар Душанбе моҳи сентябри соли сипаришуда ҳосил шуда буданд, зоҳир карда шуд. Ҷонибҳо ба манзури боз ҳам бештар вусъат бахшидани равобити байни ду кишвари ҳамсоя андешидани як зумра тадбирҳоро дар ин самт мувофиқи мақсад донистанд", — зикр шудааст дар хабари ВКХ.

Аммо, аз ин ки ҷонибҳо дар бораи масоили раводид баҳс кардаанд, дар сомонаи ВКХ хабаре нест.

Вале ба сомонаи Anhor.uz гӯё аз ВКХ Тоҷикистон хабар додаанд, ки зимни дидор ин масоил низ баҳс шудаанд — сухан дар мавриди тамдиди ҳузури шаҳрвандони ду кишвар ба муҳлати аз 30 то 60 рӯз ва ба роҳ мондани парвози тайёраҳо байни кишварҳо, ки дар даҳ соли охир бекор шуда буд, меравад.

Ягона робитаи нақлиётӣ байни Тоҷикистону Ӯзбакистон тавассути нақлиёти заминӣ, умдадан бо автомобил ба роҳ монда шудааст.

Муҳлати максималии будубоши шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбакистон тибқи раводид дар ҳоли ҳозир 30 рӯзро дар бар мегирад, шиносномаҳои дипломатӣ ҳам ҳамин муҳлатро доранд.

Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ӯзбакистон шакли содашудаи раводидро дар нисбати раводидҳои "дипломатӣ", "хидматӣ", "инвесторӣ", "минтақаи озоди иқтисодӣ", "ронандагӣ" ва ба "варишгарону гуруҳҳои эҷодӣ" ба роҳ мондааст.

Лентаи хабарҳо
0