Раҳмон омодагиашро барои тақвияти ҳамкорӣ бо Ӯзбакистон иброз дошт

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкПрезиденти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (аз рост) ва президенти Ӯзбакистон (аз чап). Акс аз бойгонӣ
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (аз рост) ва президенти Ӯзбакистон (аз чап). Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Райисҷумҳури Тоҷикистон изҳори омодагӣ кардааст, ки ҳамроҳ бо президенти Ӯзбакистон барои тақвият бахшидан ба муносиботи дуҷониба ҷидду ҷаҳди бештар хоҳанд кард.

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik.  Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов ва тамоми мардуми ин кишварро ба муносибати солгарди Рӯзи истиқлол табрик кардааст, менависад торнамои расмии сарвари давлат.

Дар барқияи Раҳмон унвонии ҳамтои ӯзбакаш аз ҷумла омадааст, ки муҳтарам Ислом Абдуғаниевич, бо хушҳолии бузург ба Шумо ва ба тамоми мардуми Ӯзбакистон ба муносибати солгарди иди миллии кишваратон — Рӯзи истиқлолият табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти худро ирсол медорам.

Ислом Каримов унвонии Эмомалӣ Раҳмон номаи табрикӣ ирсол дошт

"Мардумони моро риштаҳои қавии дӯстӣ ва ҳамсоягии нек муттаҳид намуда, робитаҳои таърихан таркибёфтаи маънавию фарҳангие ба ҳам мепайванданд, ки барои рушди муваффақонаи муколамаи байнидавлатӣ ва ҳамкорӣ заминаи боэътимод бояд бошанд",-навишта шудааст дар номаи табрикотии райисҷумҳур.

Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон иброз доштааст, ки Тоҷикистон ба рушди бемайлони ҳамкории бисёрҷонибаи миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон аҳамияти бузург медиҳад ва барои рушди минбаъда ва пурмуҳтаво намудани мундариҷаи он талош меварзад.

Дар идомаи барқия навишта шудааст, ки бо истифода аз фурсати муносиб, мехостам, қарори қатъии моро барои истифодаи ҳамаи имкониятҳо баҳри рушди минбаъда ва тақвият бахшидан ба муносибатҳои дуҷонибаи мутақобилаи миёни ҳарду давлат таъкид кунам.

"Омода ҳастам, ки якҷоя бо Шумо ҷидду ҷаҳди ҳарчи бештари худро баҳри устувор кардан ва тақвият бахшидан ба анъанаҳои чандинасраи дӯстии миёни халқҳоямон ва ёрии ҳамдигарӣ истифода барам",- афзудааст Эмомалӣ Раҳмон.

Дар анҷоми номаи худ президенти Тоҷикистон ба роҳбари Ӯзбакистон иброз доштааст, ки "ба Шумо, муҳтарам Ислом Абдуғаниевич, саломатии қавӣ, саодати зиндагӣ ва муваффақиятҳои нав ба нав дар пешрафти кишвар ва ба халқи дӯсти Ӯзбакистон сулҳу рафоҳат таманно дорам".

 

Лентаи хабарҳо
0