Баста шудани суратҳисоби корхонаи тиллошӯии "Зарафшон"

© Sputnik / Зарина ЭргашеваКорхонаи тилобарории "Зарафшон"
Корхонаи тилобарории Зарафшон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳудуди 75% саҳмияҳои корхонаи муштараки "Зарафшон"-ро ширкати фузулотии чинии Zijin Mining Group Co.Ltd соҳиб аст ва миқдори боқимондаи (25%) саҳмияҳо моли давлати Тоҷикистон мебошад.

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Суратҳисобҳои бонкии корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин — "Зарафшон", ки ба истихроҷи тилло машғул аст, ба хотири қарзидор шудан аз ҳисоби андоз ба маблағи 200 миллион сомонӣ (наздик ба $3 миллион) баста шудааст, хабар медиҳад сомонаи ин корхона.

“Зарафшон” истихроҷи тилло ва нуқраро се баробар афзоиш медиҳад

"Баъд аз баста шудани суратҳисобҳои бонкӣ масъулини ширкат дар самти истихроҷ, пардохти маоши кормандон ва инчунин пардохти қарзи таъминкунандагони колоҳои дигар бо мушкил рӯбарӯ шуданд", — навиштааст манбаъ.

Корхонаи "Зарафшон" дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ҷойгир буда, яке аз корхонаҳои бузурги истихроҷи тилло ба шумор меравад.

Ҳудуди 75% саҳмияҳои корхонаи муштараки "Зарафшон"-ро ширкати фузулотии чинии Zijin Mining Group Co.Ltd соҳиб аст ва миқдори боқимондаи (25%) саҳмияҳо моли давлати Тоҷикистон мебошад.

Сохтмон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ширкати ZiJin дар Суғд корхонаи фузулотро бо ҳазинаи $100 млн месозад

Дар ширкати муштараки "Зарафшон" феълан корхонаи коркарди тилло бо зарфияти тавлиди 5 ҳазор килограмм тилло дар як сол фаъол аст, ки бастаҳои тиллоии дараҷаи 999,9 ва бо вазни то 12,5 килограмм тавлид мекунад.

Тибқи иттилои расмӣ, дар ҳоли ҳозир ин ширкат дар як сол 2,2 тонна тило (дараҷаи 999,9) истихроқ мекунад.

Ин ширкат 2200 нафарро бо ҷои кори доимӣ таъмин мекунад.

Қарзидор ва маҳдуд шудани суратҳисобҳои бонкии ин ширкат дар ҳолест, ки бештар аз ҳама сармоягузорӣ ба ширкати "Зарафшон" — 263,2 миллион сомонӣ ва ё 56 миллион доллар ворид шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0