ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Тасмими дар бораи тамдиди таҳримот алайҳи Русия аз рӯзи сешанбе баъд аз он, ки ин санад дар Маҷаллаи расмӣ мунташир мешавад, мавриди иҷро қарор мегирад, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба маркази матбуотии Шӯрои ИА.
Дар хабар омадааст, ки таҳримоти зиддирусӣ то 31 январи соли 2016 тамдид карда мешаванд. Тасмими тамдиди онҳо рӯзи душанбе бидуни баррасӣ гирифта шуд. Вазирони умури хориҷии кишварҳои узви ИА тағйироти аз сӯйи сафирон тасвибшуда ба санаде, ки бар пояи он таҳримоти аврупоӣ роҳандозӣ шудаанд, тасвиб карданд.
"Ин ба он маънӣ нест, ки аз ҷониби мо талошҳое барои беҳбуди равобит бо Русия ва боло бурдани сатҳи музокирот ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат намегирад. Масоили зиёде дар минтақа ва марзҳои ҷанубии мо вуҷуд доранд, ки дар ин бора мо якҷо бо Русия ба сурати судманд ҳамкорӣ дорем", — изҳор дошт рӯзи душанбе раҳбари умури хориҷӣ Федерика Могерини ва талош мекард, ки бозтоби сиёсӣ аз тамдиди таҳримотро ночиз нишон бидиҳад.
Маскав тавассути ниҳоди хориҷии худ рӯзи якшанбе изҳор дошт, ки аз тасмими тамдиди таҳримот нигарон аст. Дар ВКХ зикр карданд, ки Брюссел амдан аз ин нукта сарфи назар мекунанд, ки тамдиди таҳримот алайҳи Русия ба он мунҷар мешавад, ки садҳо ҳазор ва шояд миллионҳо нафар аз аврупоиҳо ҷойҳои кории худро аз даст медиҳанд.
Таҳримоти иқтисодӣ алайҳи Русия ба мӯҳлати як сол аз 1 августи соли 2014 роҳандоҳӣ шуда буданд. Баъд аз як моҳ таҳримот тавсеъа дода шуд. Иҷрои қарордодҳои ҷадид барои воридот ва содироти аслиҳа ва колоҳову фанновариҳои духӯра аз ИА ба Русия мамнӯъ карда шуд. Таҳримот бонкҳои давлатӣ ва арсаи истихроҷи нафати Русияро низ фаро гирифтанд.