Шабнам: шавҳарам маро гирифтори "ВИЧ" кард, то ки аз ҷудо нашавам

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкҲамшираи шавқат ба гирифтани хун аз ангушт машғул аст. Акс аз бойгонӣ
Ҳамшираи шавқат ба гирифтани хун аз ангушт машғул аст. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Танҳо дар таърихи умри 18-солаи Шабнам (ном тағйир дода шудааст) тамоми камбудҳои ҷомеаи мо – аз издивоҷи барвақтӣ то талоқ тавассути телефонро метавон дид.

Шабнам дар суҳбат бо Sputnik хотираҳои худ аз тӯйи арусияшро ёдовар шуда, нақл кард, баъд аз ин рӯз чи мусибатҳое ба сараш омад. Ба гуфтаи Шабнам, ӯ он замон ҳамагӣ 16 сол дошт.

"Модарам бисёр хушҳол буд, ки духтараш шавҳари муносиб ёфт"

— Маро бо тамоми шарту шароит омода карданд, зебу зиннат доданду либосҳои сафед пӯшониданд. Ӯ чун маро дид, чашмонашро аз рӯи ман намеканд. Тӯй ҳам дар минтақаи наздики Маскав (Подмоскове- шарҳ аз идора) баргузор шуд, зеро бо модару падараш дар онҷо дар хонаи дуҳуҷрагии худ зиндагӣ мекарданд, — мегӯяд Шабнам. — Хурсандии модари ман ҳадду канор надошт, ки духтараш ба нафаре ба шавҳар баромадааст, ки шаҳрвандии Русия дораду соҳиби сарпаноҳе дар ин кишвар аст.

СПИД- маризии илоҷнопазир

Баъд аз тӯй ман доимо мехостам хоб кунам ва табъам ҳам баланд мешуду сарам сахт дард мекард. Модари шавҳарам ҳамеша аз бахти худ шикоят мекард, ки ба ӯ як келини касалӣ насиб гаштааст.

Шавҳарам ҳам сарзанишу бадгӯӣ мекарду гила менамуд, ки ба ӯ як зани носолим расидааст. Худи ӯ ҳам аз рӯзҳои аввали баъд аз тӯй доруҳои гуногунеро истеъмол мекард. Вале баъд аз чанд рӯз қуттиҳои онҳо якбора аз назар нопадид гардиданд. Боре аз ман пурсид, ки хонда метавонам ва ман ҳам бо забони русии тоза ҷавоб додам, ки албатта, чун дар ферма нею дар шаҳр калон шудаам ва хондану навиштан ва ҳисобро хуб медонам. Ин лаҳза ӯ хеле нороҳат ба назар мерасид.

Баъд аз чанд моҳи зиндагӣ ҳомила шудам. Хурсандии ман то он замоне, ки ба ӯ нагуфта будам ҳадду канор надошту худро аз хушҳолӣ дар осмони ҳафтум тасаввур мекардам. Аммо чун ба ӯ гуфтам ҳама чиз тағйир ёфт. Зеро гуфт, ӯ ҳоло фарзанд намехоҳад ва бояд онро сиқт кунем. Ман намефаҳмидам, ки ӯ барои чӣ ин гуна мегӯяду чаро намехоҳад. Бо вуҷуд, исрор кардам, ки ба ҷои сиқти ин кӯдак мурданам барои ман беҳтар аст.

Ман бояд худро ҳамчун зани ҳомила дар қайд мегузоштам, вале ӯ барои таъхири ин кор талош мекард. Дар муҳлати семоҳагӣ ман аз модарам хоҳиш кардам, ки маро ба дармонгоҳ бибараду дар қайд гузорад.

"Сироят кунонд, то ӯро тарк накунам…"

Ман тамоми озмоишҳоро супоридам ва рӯзи дигар пизишк бо ман тамос гирифт. Ӯ маро назди худ даъват карда, огаҳ кард, ки гирифтори бемории "Вируси норасоии масъунияти бадан" ё худ "ВИЧ" шудаам…

Дар аввал боварам наомаду хандидам ва баъдан он ба гиря табдил ёфту рост назди падараш, ки дар меҳмонхона назди ойинаи нилгун нишаста буд, рафтам ва қазияро дар миён гузоштам. Аммо ӯ ҳам бидуни ҳеч тааҷҷуб ва ҳатто рӯйяшро ҳам нагардонда гуфт, ҳоло аз се як нафари одамҳо гирифтори ин беморианд, баъд чӣ?
Он замон модарам барои гирифтани натиҷаи озмоиш ба дармонгоҳ рафта буд ва вақте мегӯянд, духтарат гирифтори ин навъи беморист, аз ҳуш меравад.

Беш аз 6 ҳазор гирифторони бемории ВНБ дар ҶТ ба қайд гирифта шудааст

Баъдан маълум шуд, ки тамоми хонавода аз ин қазия бохабаранд. Онҳо барои ба келин гирифтан махсус духтари ҷавону хонашин ва мазҳабиеро меҷустаанд, ки ҳангоми огаҳӣ аз ин қазия мушкил эҷод накунад.

Бештар аз ҳама вақте шигифтзада шудам, ки фаҳмидам, ӯ махсус барои сироят кунонидани ин беморӣ ба ман аз идомаи хурдани доруҳо (ҳабҳои зиддисироятӣ) даст кашидааст.

Табибон гуфтанд, агар он замон ӯ аз истеъмоли доруҳо даст намекашид, ту ҳоло гирифтори ин маризӣ набудӣ.

"Ман хоҳиши оиладор шудан надоштам, маро хонаводаам маҷбур карданд. Мехостам фирор кунам, аммо вақте аввалин бор туро дидам, ошиқ шудаму ба худ гуфтам, туро ба касе нахоҳам дод. Хеле зебову дилкаш будӣ ва фикр кардам, сарфаҳми ин гуна бемориҳо намеравӣ. Баъдан боз тарсидам, ки рӯзе аз ин қазия огаҳӣ ёбӣ ҳатман маро тарк хоҳӣ кард. Аз ин рӯ, тасмим гирифтам, аз хурдани доруҳои зиддисироятӣ даст кашам. Фикр кардам, агар ба ин беморӣ ту ҳам гирифтор шавӣ, ба тақдир тан медиҳию канори ман хоҳӣ монд", — изҳор дошт шавҳарам.

Дармони зиддивирусии ин навъи беморӣ дар Русия хеле гарон аст ва ҳазинаи якмоҳаи он 30 ҳазор рубли русӣ мебошад. Ба ман гуфтанд, ки дар Тоҷикистон ин гуна дармон ройгон аст ва тасмим гирифтам, ба Ватан баргардам.

Хостам, барои ҳаёт ва ояндаи фарзанди ягонаи хеш мубориза барам.

Мубориза барои ҳаёти фарзанд

Аллакай дар моҳи шашуми ҳомилагӣ табибон ҳангоми муойина аз вуҷуди нуқс ё худ моеъ дар сари кӯдак хабар доданду гуфтанд, бояд кӯдак сиқт шавад. Аммо ман иҷоза надодам ва ба истеъмоли доруҳои зиддивирусӣ идома бахшидам.

Дар моҳи 7-уми давраи ҳомилагӣ табибон гуфтанд, дар сутунмуҳраи кӯдак гӯшти зиёдатӣ ҳасту сараш ҳам хеле бузург шудааст. Ин бор дигар ҳама, аз наздикон то табибон маро мутмаин сохтанд, ки кӯдак бояд пеш аз муҳлат ба дунё оварда шавад, чун бо ин ҳол аз роҳи табиӣ ғайриимкон аст.

Маркази саратоншиносӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон теъдоди гирифторони бемории саратон афзоиш ёфтааст

Ҳамин тавр, аломатҳои дарди зоймон пайдо шуданду тифл ба дунё омад ва баъд аз се рӯз маро ҳамроҳи фарзандам аз дармонгоҳ ҷавоб доданд ва гуфтанд, ки тифл ҳамагӣ як ҳафта умр мебинад.

Сари кӯдак воқеан ҳам хеле бузург буду дар сутунмуҳрааш гӯшти зиёдатӣ вуҷуд дошт. Ва бароям хеле аламовару сангин буд, дидани ӯ, ки чи гуна азоб мекашад. Вале ба ин ҳама нигоҳ накарда писари ман барои зинда мондан мубориза мебурд.

Ба ман мегуфтанд, ки ин тифл ба ҳар сурат мефавтад, вале ман фикр мекардам, ки ба ӯ сироят нашудаасту зинда хоҳад монд. Бо гузашти як моҳ ӯ аллакай механдиду аҳамият додан ба атрофиёнро шуруъ кард. Кӯдаки ман ҳатто ба худ омад. Аз Офаридагор бисёр хоҳиш мекардам, ки фарзандамро аз ман нагирад.

Дар давоми ин шаш моҳ бо ҷарроҳони зиёде суҳбат доштам, аммо ҳамаи онҳо гуфтанд, чорае нест. Баъдан аз сафари табибони ҳиндӣ ба Тоҷикистон огаҳ шудаму кӯдаки худро ба даст гирифта, назди онҳо, яъне ягона даргоҳи умеди боқимонда рафтам. Яке аз онҳо ки миёнасол буду аз афташ касби худро хуб мефаҳмид, тавассути тарҷумон ба ман гуфт, "агар 5%  мутмаин мебудам, ки ҷарроҳии мо кӯдакро аз марг наҷот медиҳад, анҷом медодам. Вале афсус, ки ҳатто 5% боварӣ нест ва танҳо ягона роҳи Шумо умед бастан ба Худованд аст".

Баъд аз ин ҳама хеле руҳафтодаву дилшикаста шудам ва тавре гуфтанд, ягона роҳ умед ба даргоҳи Худо бастаму дуо кардам.

Дар як субҳи шум тахминан соатҳои 5 фарзанди ягонаи ман ҳам тавре гуфтанд, даргузашт. Бо ӯ харйбод гуфтаму гӯширо гирифта бо шавҳарам тамос гирифтам ва хабарро расондам. Аммо дар ҷавоб ҳам дашномам доду ҳам талоқ.

Лентаи хабарҳо
0