ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Ташхиси "саратон"-ро беш аз 4 ҳазор сокини Тоҷикистон дар соли 2014 гирифтанд, иттилоъ медиҳад оҷонсии Авеста дар такя ба суханони Нусратулло Салимзода, вазири нигаҳдории тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
"Дар соли 2014 беш аз 4400 гирифтори бемории саратон дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шуд, ки ин дар қиёс ба як соли пеш 400 ҳолат зиёд аст",- иброз дошт Салимзода.
Ба қавли вазир, дар ҳоли ҳозир дар саросари кишвар 14 ҳазор гирифторони бемории саратон ба сар мебаранд.
Ба андешаи вазири нигаҳдории тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мавриди истифода қарор гирифтани фанноварии муосири тиббӣ боиси саривақт ва ба таври оҷил муайян кардани ташхиси бемории маризон гардидааст.