Беш аз 6 ҳазор гирифторони бемории ВНБ дар ҶТ ба қайд гирифта шудааст

© Sputnik / Григорий Василенко / Гузариш ба медиабонкРӯзи байналмилалии ёдбуди қурбониёни ВНБ (СПИД). Акс аз бойгонӣ
Рӯзи байналмилалии ёдбуди қурбониёни ВНБ (СПИД). Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба иттилои СММ, дар саросари дунё дар соли 2013 шумори гирифторони ВНБ (СПИД) ду миллион афзоиш ёфта, панҷсад ҳазор нафар аз олам даргузаштанд.

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Тайи 23 соли истиқлолият дар Тоҷикистон беш аз 6000 гирифтори бемории ВНБ сабти ном шудааст, иттилоъ медиҳад сомонаи Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва ба мубориза бар зидди СПИД.

"Шурӯъ аз соли 1991 то 1 октябри соли 2014 шаш ҳазору сесаду нӯҳ шаҳрвандони кишвар, ки гирифтори вируси норасоии масунияти бадан мебошанд, сабти ном шудаанд. Дар ин муддат 1146 нафар  гирифтори ин маризӣ фавтидааст. Тӯли нӯҳ моҳи соли равон 749 нафар гирифтори беморӣ ба қайд гирифта шуд, ки аз онҳо 348 нафарашон зан ва 411 тани дигарашро мардон ташкил медиҳад",- меафзояд сарчашмаи хабар.

Ба иттилои манбаъ, аксари беморонро ҷавонони то 30-сола ташкил намуда, аз рӯи минтақа шаҳри Душанбе пешсаф аст: "Масалан, аз 100 ҳазор нафаре, ки дар Душанбе ташхис шудаанд, 239 нафар мубталои ин беморӣ будаанд."

Инчунин ташхис миёни муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар соли 2013 518 нафар мубталои бемории СПИД-ро ошкор кардааст.
Ба иттилои СММ ангезандаи ВНМБ миёни омилҳои маргу мири одамон дар зинаи панҷум қарор дорад. Теъдоди гирифторнони инфексияи ин касал дар ҷаҳон 35 миллион нафар арзҳёбӣ мегардад.

Барои нахустин бор 1 декабри соли 1988 ҳамчун "Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо СПИД" таҷлил шуд.

 

 

Лентаи хабарҳо
0