ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Намоишномаи дигари коргардони маъруфи театри тоҷик Барзу Абдурразоқов бо ҷоизаи ҷашнвораи байналмилалӣ қадрдонӣ шудааст.
Ин намоишномаи Барзу "Ҳамсабақон. Дарси зиндагӣ"(Одноклассники. Уроки жизни) мебошад, ки ҷоизаи "Гран При" гирифта, дар ҷашнвораи "ArtОкраина" дар Санкт-Петербург яке аз беҳтаринҳо дониста шуда буд.
Ин ҷашнвора аз 13 то 22 ноябр баргузор шуд.
Дар ин ҷашнвора 10 саҳнаи театрӣ аз Русия, Сербистон ва Фаронса иштирок карда, дар умум 145 муроҷиатнома барои иштирок дар ин ҷашнвора қабул шуда буд. Доварон дар ин ҷашнвора аз рӯи номинатсияи "Беҳтарин саҳна", "Беҳтарин ҳунарманд", "Беҳтарин коргардон" ва "Беҳтарин ҷоизаи таваҷҷуҳи тамошобинон"баҳо додаанд.
Қаблан намоишномаи "Хотироти як девона"-и Барзу Абдураззоқов, ки дар шаҳри Бишкек ба маъраз гузошта шуда буд, ҷоизаи "ЭРГУУ" дар бахши "Беҳтарин намоиш" ва "Беҳтарин нақши мардона"-ро соҳиб гардида буд.
Роҳ ба театри тоҷик барои Барзу Абдураззоқов баъди намоиши «Девонагӣ. Соли 93» бар асоси асари драманависи фаронсавӣ Петер Вайс «Таъқиб ва қатли Жан Пол Марат…», баста шуд. Ҳарчанд, ҳодисаҳои дар намоишнома тасвиршаванда воқеъаҳои замони инқилоби буржуазии соли 1793 дар Фаронсаро дар бар мегирифтанду ба Тоҷикистон рабте надоштанд.
Зимнан, Барзу Абдураззоқов солҳои ахир дар ду кишвари минтақа — Қирғизистон ва Қазоқистон ба таҳияи намоишномаҳои театрӣ машғул аст. Ӯ ду соли охир ба ҷоизаи "Беҳтарин коргардони театри Қирғизистон" сарфароз гардид. Абдураззоқов соли гузашта дар театрҳои Бишкек намоишномаи "Плаха"-и Чингиз Айтматов, "Дон Жуан"-и Жан Батист Молиер, "Хандаи лангуст"-и Ҷон Моррелро таҳия кард. "Хандаи лангуст" ва асари худи Барзу "Роҳи дури дур ба Макка" дар Ҷашнвораи байналмиллалии театр дар Қазоқистон чаҳор ҷоизаи асосӣ "Асари беҳтарин, "Гурӯҳи беҳтарин" ва нақшҳои беҳтарини зан ва мардро соҳиб шуданд.