ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Намоишномаи "Хотироти як девона", ки аз ҷониби коргардони тоҷик Барзу Абдураззоқов дар Бишкек ба маъраз гузошта шуда буд, ҷоизаи "ЭРГУУ" дар бахши "Беҳтарин намоиш" ва "Беҳтарин нақши мардона"-ро соҳиб гардид, иттилоъ медиҳад сайти Вазорати фарҳанги Қирғизистон.
Маросими эътои ҷоиза 27 март дар рӯзи ҷаҳонии театр дар пойтахти Қирғизистон сурат пазируфт.
"Барзу- яке аз беҳтарин ва саршиностарин таҳиягарони муосир аст. Ӯ андешагаро ва меҳвари театри имрӯз аст. Мо ҳамеша бо ӯ фахр мекунем, эҷодиёти ӯро қадр менамоем",- гуфтааст коргардони қирғиз Темир Бирназаров.
Бояд қайд кард, ки соли гузашта Вазорати фарҳанг ва Анҷумани фаъолони театри Қирғизистон барои беҳтарин ҳунари коргардонӣ дар 5 соли охир ба Барзу Абдураззоқов, коргардони шинохтаи тоҷик ҷоиза дода буд.