ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мегӯяд, 77-солагии шоири маъруфи тоҷик Бозор Собирро, ки дар Амрико ба сар мебарад, баъд аз бозгашташ дар Душанбе таҷлил хоҳанд кард.
Ёвари раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Алиакбари Абдулло дар суҳбат бо хабарнигори Sputnik гуфт, ки онҳо нақша доштанд, ки дар рӯзи зодрузи шоир Бозор Собир як шабнишинии эҷодӣ баргузор намоянд.
"Бо сабабҳои шахсӣ Бозор Собир ба Ватан бар гашта натавонист, мо ба хулосае омадем, ки баъд аз бозгашташ зодрӯзашро ҷашн гирем", — афзуд оқои Абдулло.
Бозор Собир баъди 19 соли мусофират дар Амрико 27-уми майи соли 2013 ба Душанбе баргашт, аммо фарзандонаш он ҷо боқӣ монданд. Моҳи июли соли равон барои дидорбинии онҳо боз ба ИМА баргашта, ҳанӯз ба Тоҷикистон наомадааст.
Ӯ соли 1938 дар ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст. Аз саромадони ҷунбиши бедории мардуми тоҷик дар солҳои 70 ва 80-и асри гузашта буд, ки маҳз дар ин солҳо шеърҳои "Забони модарӣ", "Девори Бухоро", "Ватан" ва "Тоҷикистон"-ро эҷод кардааст. Дар оғози даҳаи 90 дар саргаҳи нерӯҳои демократӣ қарор дошт, вакили Шӯрои олӣ шуда буд.
Аммо дар замони истиқлол дар соли 1993 ҳудуди 9 моҳ зиндонӣ шуда, дар охири ҳамон сол аз Тоҷикистон рафт. Соли 1994 аз Русия ба ИМА кӯч баст. Шаҳрвандии ИМА-ро дорад.
Шурӯъ аз соли 1994 то моҳи майи соли 2013 муқими ИМА буд. Дар ин муддат ду дафъа; соли 2000 ва 2010 ба Тоҷикистон омада буд.