ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Бозор Собир, шоири тоҷик ба ИМА рафтааст, хабар медиҳад оҷонсии TojNews.
Дар Иттифоқи нависандагон гуфтаанд, ҳудуди ду ҳафта пеш Бозор Собир аз Тоҷикистон рафтааст. Шоир барои дидор бо пайвандонаш, ки дар Сиэтлли Амрико ба сар мебаранд, сафар кардааст.
Қаблан Бозор Собир дар як суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки қасди сафар ба Амрикоро дорад ва баъд аз дидор бо фарзандонаш, дубора ба кишвар бармегардад.
Вай баъди 19 соли мусофират дар Амрико 27-уми майи соли 2013 ба Душанбе баргашт.
Бозор Собир соли 1938 дар ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст. Аз саромадони ҷунбиши бедории мардуми тоҷик дар солҳои 70 ва 80-и асри гузашта буд, ки маҳз дар ин солҳо шеърҳои "Забони модарӣ", "Девори Бухоро", "Ватан" ва "Тоҷикистон"-ро эҷод кардааст. Дар оғози даҳаи 90 дар саргаҳи нерӯҳои демократӣ қарор дошт, вакили Шӯрои олӣ шуда буд.
Аммо дар замони истиқлол дар соли 1993 9 моҳ зиндонӣ шуда, дар охири ҳамон сол аз Тоҷикистон рафт. Соли 1994 аз Русия ба ИМА кӯч баст. Шаҳрвандии ИМА-ро дорад.