ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури ИМА Барак Обама ҳамоно ба сиёсатҳои нодурусти худ дар робита ба ДИИШ идома медиҳад, нашр кардааст РИА Новости тарҷумаи матлаби журналисти нашрияи "The Washington Times" — Доналд Лабро.
Ҳангоми маъракаи дуюми пешазинтихоботии худ дар соли 2012 Обама борҳо таъкид кард, ки гуруҳи террористии "ал-Қоида" фалаҷ шудааст.
"Вале ҳаводиси чанд рӯзи ахир он чизе, ки мо солҳо пеш медонистем, бори дигар намоиш дод. "ал-Қоида" ба як ҳаракати бузургтари террористие табдил ёфт, ки ҳоло аз ҳама нерумандтару хатарноктар аст", — навиштааст ӯ.
Ба назари ӯ, президенти амрикоӣ хатари ношӣ аз ДИИШ-ро нодида гирифт ва шояд аз ҳад зиёд барои андешиндани чораҳо алайҳи ҷангиён ҳам мухолифат карда бошад.
Бо ин ҳол, ӯ зимни баромад дар иҷлоси "Гуруҳи 20" баъд аз ҳаводиси Порис дар Анталия дар посух ва интиқоди рӯзноманигор таъкид кард, ки сиёсати пешигирифтаи худ дар робита ба ДИИШ-ро тағйир нахоҳад дод ва он идома меёбад.
Раисҷумҳури ИМА-ро на танҳо ба заъфи иқдомгириҳояш, ки ғалат будани онҳо аз аввал маълум буданд, балки барои бузург наҳисобидани хатари ДИИШ ҳам ӯро танқид мекунанд.
Нашрия назари профессори Мактаби таҳқиқоти стратегии назди Донишгоҳи ба номи Ҷон Хопкин Эллиот Коэнро овардааст, ки ба нақшаи ИМА дар мавриди нобуд кардани ДИИШ дар ояндаи наздик шубҳа дорад.
"Ҳоло ҳеч нафаре дар мавриди он ки ҷаноби Обама натавонист, аз уҳдаи ҳалли таҳдиди терроризм барояд, ки барои кишвару амнияти ояндаи он хатарзост, баҳс намекунад", гуфтааст ӯ.
Ба назари муаллиф, дар ҳоли ҳозир ба изҳороти хушбинонаи соли 2012-и Борак Обама нигоҳ накарда хатари терроризм аз пеш дида бузургтар шудааст.