Доналд Трамп: ИМА равобит бо куллия ҷаҳонро бад кардааст

© Sputnik / Александр Имедашвили / Гузариш ба медиабонкДоналд Трамп. Акс аз бойгонӣ
Доналд Трамп. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Номзад ба мақоми раиси ҷумҳури ИМА Доналд Трамп муътақид аст, ки ИМА ба касе писанд нест, вале ҳамзамон ҳама аз вай истифода мекунанд. Ба гуфтаи вай Иёлот ба гунаи авбошест, ки ҳамвора бохт мекунад.

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Америка бо куллияи ҷомеъаи ҷаҳонӣ равобити душворе дорад, изҳор дошт тоҷири муваффақ Доналд Трамп, мудаъии мақоми раиси ҷумҳури ИМА дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Fox News, хабар медиҳад РИА Новости.

"Он чӣ, ки феълан сурат мегирад (дар равобити миёни Русия ва ИМА —шарҳи идора) ғайри қобили қабул аст. Путин Обамаро чашми дидан надорад, тоқати ӯро надорад ва фикр мекунам Обама низ ӯро чашми дидан надорад. Аммо равобите, ки мо феълан бо куллияи ҷаҳон дорем — на танҳо Русия, — хеле баданд. Медонед, як нуқтаи аҷибест: Чин тоқати моро надорад, аммо дар пайи мо сарватманд мешавад, Ҷопон… Мо мақбули касе нестем, аммо ҳамзамон ҳама аз мо истифода мекунанд. Мо мисли як авбоши бузургем, ки ҳамеша бохт мекунем", — гуфт Доналд Трамп.

Дар посух ба ин суоли ровӣ, ки дар мавриди ташбеҳи худаш бо Владимир Путин дар расонаҳои амрикоӣ чӣ назаре дорад, вай гуфт, ки эҳтимол дорад бо раиси ҷумҳури Русия забон меёфт.

"Ба ростӣ, ман бар ин назарам, ки Путин — шахсест, ки ман метавонам бо ӯ созиш кунам. Аз ман барои чунин тасаввур шадидан интиқод мекунанд. Ҳудуди ду соли қабл ман дар Маскав як ҳамоиши бузурге таҳия карда будам. Фикр мекунам ман бо Путин иртиботи хубе хоҳам дошт", — гуфт Доналд Трамп.

Лентаи хабарҳо
0