ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Дастаи мунтахаби Қирғизистон дар майдони худ бар тими миллии Урдун бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд ва варзишгарони Австралия ҳам дар меҳмонӣ дастаи мунтахаби Бангладешро бо ҳисоби 4:0 шикаст доданд, хабар додааст хадамоти матбуоти ФФТ.
Рӯзи сешанбе, 17 ноябр дар майдонҳои футболи Осиё бозиҳои даври ҳаштуми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи "В" баргузор гардиданд.
"Бар асоси натиҷаҳои ин бозиҳо дар раддабандии дастаҳо тағйирот ворид шуда, мунтахаби Австралия бо 15 имтиёз ба мақоми аввал баромад", — афзудааст манбаъ.
Ҳоло дастаи мунтахаби Урдун бо 13 имтиёз ба ҷойи дуюм фаромада, дар ҷойҳои сеюму чаҳорум мутаносибан мунтахабҳои Қирғизистон бо 11 имтиёз ва Тоҷикистон бо 5 имтиёз қарор доранд. Варзишгарони Бангладеш бо як имтиёз дар зинаи аз ҳама поин — 5-ум ҷой гирифтаанд.
Бозиҳои боқимондаи гурӯҳи "В" дар доираи бозиҳои даври ҳаштуми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 моҳи марти соли оянда баргузор мешаванд.
Дастаи Тоҷикистон имкониятҳои худро барои дарёфти ҷойи сеюм дар ин гуруҳ ҳифз хоҳад кард. Аммо ба гуфтаи сармураббӣ — Мубин Эргашев, барои ин бояд 24 марти соли равон онҳо дар меҳмонӣ дастаи Австралияро шикаст дода, 29 март ҳам дар майдони худ ба варзишгарони Қирғизистон ғолиб оянд.