ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Имрӯз, 12 ноябр соати 17:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозӣ байни дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистону Бангладеш баргузор мегардад.
Қабл аз ин сабқати даври ҳафтуми бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 дар минтақаи Осиё дар гурӯҳи "В" байни тимҳои мунтахаби ду кишвар, рӯзи 11 ноябр дар пойтахт дар меҳмонхонаи "Ҳаятт Риҷенси" нишасти хабарӣ барпо гардид.
Тибқи иттилои Федератсияи футболи кишвар, дар нишаст мутахассиси футболи итолиёвӣ Фабио Лопес, сармураббии тими миллии Бангладеш, ба мизбонон барои пазироии хуш ва шароити хуб изҳори сипос намуда, гуфт, мо аз бозие, ки пагоҳ баргузор мешавад, мехоҳем имтиёзҳо ба даст биёрем. Агар имкон шавад, пирӯз шуданием, зеро мо бо ҳамин мақсад бозӣ мекунем.
Сипас, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Мубин Эргашев ба хабарнигорон иброз дошт, ки вазифаи ягонаи даста дар ин бозӣ пирӯз шудан аст.
"Ин охирин бозии байналмилалӣ барои дастаи мунтахаби миллии кишвар дар мавсими имсола мебошад. Мутаассифона, оғози ин сабқати интихобӣ барои мо бебарор буд. Бинобар ин бачаҳои мо ба бозӣ муқобили мунтахаби Бангладеш қатъиян барои ғалаба мубориза мебаранд, то ки мавқеи дастаро дар ҷадвал беҳтар кунанд, бо бозии хуб ва натиҷаи дилхоҳ мухлисонро шод гардонанд",- афзуд ӯ.
Маврид ба ёдоварист, бозии аввали Бангладешу Тоҷикистон бо ҳисоби мусовии 2-2 анҷом ёфта буд.
Баъди натиҷагирии даври шашуми мусобиқа дар ҷадвали гурӯҳи «В» мунтахаби Урдун бо 13 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Австралия, қаҳрамони феълии Осиё, бо 9 имтиёз дар ҷойи дувум ва дастаи миллии Қирғизистон бо 8 имтиёз дар ҷойи севум қарор дорад. Тими яккачини футболи Тоҷикистон бо 2 имтиёз дар ҷойи чаҳорум ва Бангладеш бо як имтиёз дар зинаи панҷум қарор дорад.