ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Додгоҳе дар Белгия ҳукми 20 соли зиндони як зодаи Маррокашро, ки фармоишгари эҳтимолии ҳамлаҳои хунини 13 ноябри Порис маҳсуб мешавад, дар ғайбаш содир кардааст, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба нашрияи "Avenir".
Аз ин зодаи Мароккаш Абдулҳамид ном бурда мешавад, ки ба иддаои мақомоти Белгия ташкилкунандаи асосии ҳамлаҳои номуваффақи террористӣ дар шаҳри Верве ба шумор меравад.
Ҳангоми шуруи амалиёти вижаи пулиси Белгия моҳи январи соли 2015 ин зодаи Мароккаш тавонистааст, аз назар пинҳон шавад. Баъдан моҳи феврали соли равон ӯ аз худ дарак дода, гуфтааст, феълан дар қаламрави Сурия қарор дорад ва ташкили ҳамлаҳои шаҳри Верве, ки пулиси Белгия тавонист аз вуқуи онҳо ҷилавгирӣ кунад, кори вай мебошад.
Моҳи июни соли равон ин зодаи Мароккаш ба иттиҳоми ҷалби ҷавонон ба ҷангҳои Сурия дар ғиёбаш ба муҳлати 20 сол маҳкум ба зиндон шуд. Баъдан расонаҳои байналмилалӣ бори дигар номи ӯро сархати саҳифаҳои худ қарор дода, гуфтанд, Абдулаҳамид ҳатто бародари 13-солаи худро ба ҷангҳои Сурия бурдааст, ки ҷавонтарин "муҷоҳид" дар олам маҳсуб мешавад.
Тибқи навиштаи "Avenir", мақомоти тафтишотии Белгия бар ин боваранд, ки эҳтимол дорад, ҳамлаҳои Порис аз сӯи Абдулҳамид ташкил карда шудааст.
Ин нашрия навиштааст, ки ин зодаи Мароккаш гӯиё бо яке аз маргталабон — Иброҳим Абдуссалом, ки худро дари ҳаводиси Порис тарконида буд, робита доштааст.
Ин ду нафар солҳои 2010 ва 2011 ҳам дар содир кардани ҷинотяҳои дар боло зикршуда муттаҳам шудаанд.
Ҳоло бародари Иброҳим — Абдуссалом аз сӯи пулиси Фаронса мавриди кофтукоб қарор дода шудааст. Тибқи иттилои нашрияи "Sudpresse", ӯ баъд аз ҳамлаҳои 13 ноябр аз Порис ба Белгия тавассути автомошина баргашта, дар роҳ ҳуҷҷатҳояш аз ҷониби кормандони БДА тафтиш шудааст. Азбаски он замон гумонбар маҳсуб намешуд, боздошт нагардидааст.
Бародари сеюми онҳо — Муҳаммад рӯзи шанбе ҳангоми бозҷӯии хонаи муҳоҷирон дар Брюссел боздошт гардидааст. Ба иддаои мақомот, Абдуссалом ҳам дар навбати худ дар ин минтақа қаҳвахонаеро дар ихтиёр доштааст, ки тобистони соли равон дар доираи тафтишоти як парвандаи фурӯши маводи мухаддир баста шудааст.
Шоми ҷумъа ба шанбеи гузашта дар шаҳри Порис як қатор ҳамлаҳои террористӣ сурат гирифт.
Ин силсила ҳамлаҳо ҳамзамон дар 6 минтақаи пойтахти Фаронса, аз ҷумла он шаб афроди номаълум ба ошхонае дар округи 10-уми шаҳри Порис ва бинои театри "Батаклан ворид шуда, ҷониби ҳунармандон ва тамошобинон оташ кушодаанд.
Инчунин он шаб дар наздикии варзишгоҳи "Стад де Франс", ки дар он вохурии дустонаи дастаи мунтахаби футболи Фаронсаву Олмон дар ҳузури президент Франсуа Оланд ва афроди дигари баландпояи ду кишвар идома дошт, се таркиши дигари мудҳиш аз сӯи маргталабон ба вуқуъ пайвастааст.
Шумори қурбониёни ин ҳамлаҳои ҳаросафкании Порис наздик ба 130 нафар арзёбӣ мешавад. Ин ҳамлаҳои ҳаросафкании шаби 13 ноябр дар таърихи Фаронса бесобиқа буда, вокуниши шадиди ҷомеаи ҷаҳониро ба бор овард. Раҳбарони давлатҳои аксари ҷаҳон, аз ҷумла раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин ҳамлаҳоро ғайриинсонӣ хонда, шадидан маҳкум кард.