Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳодисаи террористӣ дар Порис

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook / Гузариш ба медиабонкЭмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ
Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвонии ҳамтои фаронсавиаш Франсуа Жерар Жорж Олланд барқияи тасаллият ирсол намуда, ҳамдардии мардуми Тоҷикистонро бо халқи Фаронса иброз дошт.

Душанбе, 8 янв — Sputnik. Иттилооти даҳшатангез дар бораи ҳамлаи ғаддоронаи террористӣ дар Порис ба идораи ҳайати таҳририяи маҷаллаи "Шарли Эбдо", ки 12 нафар кушта бар ҷой  гузоштааст, мардум ва ҳукумати Тоҷикистонро бениҳоят андӯҳгин кард, менависад сомонаи президент.

Дар робита ба ин ҳодисаи даҳшатнок президенти  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвонии ҳамтои фаронсавиаш Франсуа Жерар Жорж Олланд барқияи тасаллият ирсол намуд.

"Ин амали ғайриинсонӣ ҳамаи моро бори дигар ҳушдор медиҳад: башарият имрӯз бо душмани умумие рӯ бу рӯст, ки хориҷ аз чаҳорчӯби ҳар гуна қоидаҳои зиндагии инсонист. Муборизаи дастаҷамъонаи беамон бар зидди ин "вабои аср" бояд ҳамаи моро муттаҳид созад. Тоҷикистон, ки бо Фаронса дар ин ҷода ҳамеша ҳамкориҳои хубу созанда дошт, таъкидан иброз медорад, ки дар амри решакан намудани ин падидаи фалокатбор бо Фаронса хоҳад буд",- омадааст дар барқия.

Дар идомаи нома гуфта мешавад, ки бо изҳори таъзия ва тасаллияти самимӣ ба тамоми мардуми дӯсти Фаронса, аз ҷаноби президент хоҳишмандам, ки эҳсоси ҳамдардии амиқи моро ба наздикони фавтидагон бирасонанд.

Ҳафтаномаи ҳаҷвии "Charlie Hebdo" дар моҳи феврали соли 2006, дар пайи бознашри як силсила тасвирҳои танзомези Паёмбари Ислом Муҳаммад(с) мавриди таваҷҷӯҳи байналмилалӣ қарор гирифт. Ин тасвирҳои танозомез ибтидо дар нашрияи "Jyllands-Posten"-и Дания нашр шуда, мавҷи эътирозҳои хушунатомез дар ҷаҳони Исломро ба бор оварда буд. Идораи пешини маҷалла дар ноябри соли 2011 дар пайи нашри боз яке тасвири танзомези Паёмбари Ислом ба коми оташ рафт ва бовар меравад, ки он вақт ин биноро қасдан сӯзондаанд.

Шашумин мотами миллӣ дар таърихи Фаронса

Нашрия бар асоси қонунҳои зидди нажодпарастӣ ба додгоҳ кашонда шуд, вале бо ин вуҷуд ба нашри тасвирҳои танзомези Паёмбари Ислом ва шахсиятҳои дигари исломию исломгаро идома медод. Охирин тасвире, ки дуруст рӯзи 7 январ ин маҷалла дар Твиттер нашр кард, тасвири танзомези раҳбари "Давлати исломӣ" Абӯбакри Бағдодӣ буд.

Тавре РИА Новости қаблан иттилоъ дод, бар асари ҳамлаи афроди ношинос ба идораи маҷаллаи ҳаҷвии фаронсавии Charlie Hebdo ("Шарли Эбдо") дар Порис 12 нафар ба ҳалокат расида, ёздаҳ каси дигар маҷрӯҳ шуданд.Ба гуфтаи шоҳидон, ба идораи маҷалла, ки дар маркази шаҳр воқеъ аст, чанд мард бо сарпӯши сиёҳ ва мусаллаҳ бо автоматҳо ворид шуданд. Баъд аз чанд лаҳза садои тирандозӣ баланд шуд, сипас одамони мусаллаҳ биноро тарк намуданд. Яке аз гумонбарон таслим шуда, ҷустуҷӯи се тани дигар идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0