ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ дар ҳудуди ҷамоати Хушекати ноҳияи Айнӣ, воқеъ дар шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе 5 нафар ба ҳалокат расидаанд, иттилоъ медиҳад ВКД-и Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, аз сабаби боришоти зиёди барфу борон аз кӯҳ сангпораҳо фаромада, ба автомашинаи тамғаи "Хундай-Старекс", ронандааш сокини 32-солаи ноҳияи Мастчоҳ бархӯрдааст, ки дар натиҷаи он, автомашина ба ҷуқурии 300 метр сарозер шудааст.
Бар асари ҳодиса ронандаи автомашина Равшанбек Наботови 32-сола, зодаи Куҳистони Мастчоҳ ва мусофирони он Кучакмаҳмад Мирзоеви 68- сола, инчунин Муҳаббат Латифова, Санавбар Абдураҳмонова, Халилулоҳ Абдураҳмонзода- сокинони деҳаи Палдораки ноҳияи Мастчоҳ фавтида, Гулрӯ Абдураҳмонзодаи якунимсола зинда мондааст.
"Санавбар Абдураҳмонова дар лаҳзаи садама духтарчааш Гулрӯро аз тирезаи мошин ба берун мепартояд, ки феълан саломатии ӯ мӯътадил мебошад",-мегӯяд манбаъ.