ВКД: ҳалокати ду нафар бар асари садамаҳои нақлиётӣ

© Пресс-служба МЧС РФ / Гузариш ба медиабонкСадама. Акс аз бойгонӣ
Садама. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бар асари садамаҳои нақлиётии рӯзи якшанбе як ҷавони 18-сола ва ноболиғи 13-солае ба ҳалокат расидааст.

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Бетаваҷҷуҳии ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳ боиси ба ҳалокат расидани пиёдагард ва дучархасавор дар рӯзи якшанбе шудааст, менависад сомонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

"Ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра" дар ҳудуди деҳаи Ниёгони ноҳияи Ҳисор ҷавони 18-солаи сокини маҳаллиро пахш намудааст",- афзудааст манбаъ.

Дар натиҷа, пиёдагард, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар роҳ ба сӯи беморхона ҷон додааст.

Инчунин рӯзи 27 сентябр ронандаи трактори тамғаи "Т-40 дар ҳудуди деҳаи Нурбахши ноҳияи Данғара аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, велосипедрони ноболиғ, писарбачаи 13-солаи сокини ин деҳаро зер намудааст. Дар натиҷа велосипедрон, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 

Лентаи хабарҳо
0