ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Рӯёрӯии идеологии муқовиматнопазире, ки дар даврони шӯравӣ миёни русҳо ва ҷаҳони Ғарб буд, ҳоло вуҷуд надорад: имрӯз Русия ва Ғарбро мебояд дар мубориза бо бузургтарин таҳдид — созмони террористии ДИИШ муттаҳид шаванд, мегӯяд сармуҳаррири телевизиони "RT" Маргарита Симонян.
"Миёни мардуми русу ҷаҳони Ғарб рӯёрӯии идеологии муқовиматнопазире, ки дар даврони шӯравӣ буд, ҳоло дигар вуҷуд надорад. Он чи феълан дида мешавад, масоили ҳалшавандае ҳастанд, ки онҳо ҳатто миёни ҳама гуна кишварҳо, байни иёлатҳои гуногуни амрикоӣ ва миёни ниҳодҳои мухталифи Русия ҳам ҳаст", гуфт сармуҳаррири телевизиони "RT" Маргарита Симонян дар ифтитоҳи расмии Анҷумани расонаҳои Аврупо ва Осиё (АРАО) дар Маскав.
Ба гуфтаи ӯ, "ҳоло ҷаҳон ба ҷонибе, ки аз он таҳдид ба ҳамаи мо, ҳар куҷое набошему аз куҷое наомада бошем вуҷуд дорад, назар намекунад".
Дабири кулли ОИБ "Россия сегодня" Дмитрий Киселев ҳам дар навбати худ қайд кард, ки "ҷанги иттилоотӣ ин талош барои маҳрум кардани мардум аз ақли солим аст".
Номбурда дар мавриди кор бо созмонҳои ҷамъиятӣ афзуд, ки бо созмонҳои ҷамъиятӣ тавре дар ИМА кор мекунанд, дар Русия карда наметавонанд.
"Ҳамингуна дар бораи кор бо созмонҳои ҷамъиятӣ метавон гуфт. Бояд қайд кард, ки тавре амрикоиҳо дар ин масъала кор мекунанд, мо карда наметавонем. Вале, дар аввал меомӯзем. Мо ва расонаҳои байналмилалӣ то чанд вақти пеш кор карда наметавонистем, аммо ҳоло метавонем", таъкид кард ӯ.
Анҷумани расонаҳои Аврупо ва Осиё (АРАО), ки ташкилкунандаи он Оҷонсии иттилоотии байналмилаии "Россия сегодня" ба шумор меравад, имрӯз, 10 ноябр дар шаҳри Маскав ба кори худ шуруъ кард.
Ин анҷуман дар шакли як иҷлоси умумӣ бо ҳузури мудири кулли "Россия сегодня" Дмитрий Киселёв, сармуҳаррири "Россия сегодня" ва сармуҳаррири телевизиони "RT" Маргарита Симонян идома дорад.
Мавзуи АРАО-2015 "Ҳамкории пойдор дар ҷаҳони ноустувор" хоҳад буд. Дар ин анҷуман инчунин сармуҳаррирон ва мудирони аршади расонаҳои маъруф, раҳбарони бузургтарин телевизиону радио ва порталҳои интернетӣ, коршиносон ва рӯзноманигорони саршинос аз 14 кишвари пасошӯравӣ (Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Литва, Молдавия, Русия, Узбакистон, Украина, Эстония ва Тоҷикистон) иштирок хоҳанд кард.
Анҷумани расонаҳои Аврупо ва Осиё (АРАО) платформаи ягона дар маҳдудаи пасошӯравӣ аст, ки барои баррасии тамоюл ва пешгўии равандҳои рушди бахши ВАО коршиносони ин соҳа аз ИДМ ва Балтикаву Гурҷистонро гирдиҳам меорад.
Ин анҷуман аз соли 2006 ба ин сӯ гузаронида мешавад. Тули чаҳор сол он пайи ҳам дар шаҳри Маскав баргузор шуда, пойтахтҳои Украина, Қазоқистон ва Белорус низ аз он мизбонӣ кардаанд.
Соли 2011 анҷумани мазкур дар шаҳри Остона бо иштироки раисҷумҳури вақти Русия Дмитрий Медведев ва ҳамтои қазоқи ӯ Нурсултон Назарбоев баргузор шуд.