Анҷумани VIII-уми расонаҳои Аврупову Осиё дар интизори коршиносони ВАО

© Sputnik / Антон Денисов / Гузариш ба медиабонкАнҷумани расонаҳои Аврупо ва Осиё (АРАО)
Анҷумани расонаҳои Аврупо ва Осиё (АРАО) - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба қайдгирии расонаҳо дар ин чорабинӣ дар сомонаи расмии маркази матбуоти мултимедиявии байналмилалии "Россия сегодня" сурат мегирад.

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Анҷумани расонаҳои Аврупо ва Осиё (АРАО), ки ташкилкунандаи он Оҷонсии иттилоотии байналмилаии "Россия сегодня" ба шумор меравад, рӯзи 10 ноябр дар шаҳри Маскав баргузор хоҳад шуд.

Ин анҷуман дар шакли як иҷлоси умумӣ бо ҳузури мудири кулли "Россия сегодня" Дмитрий Киселёв, сармуҳаррири "Россия сегодня" ва сармуҳаррири телевизиони "RT" Маргарита Симонян ба кори худ шурӯъ хоҳад кард.

Мавзуи АРАО-2015 "Ҳамкории пойдор дар ҷаҳони ноустувор" хоҳад буд. Дар ин анҷуман инчунин сармуҳаррирон ва мудирони аршади расонаҳои маъруф, раҳбарони бузургтарин телевизиону радио ва порталҳои интернетӣ, коршиносон ва рӯзноманигорони саршинос аз 14 кишвари пасошӯравӣ (Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Литва, Молдавия, Русия, Узбакистон, Украина, Эстония ва Тоҷикистон) иштирок хоҳанд кард.

Ба қайдгирии расонаҳо дар ин чорабинӣ дар сомонаи расмии маркази матбуоти мултимедиявии байналмилалии "Россия сегодня" сурат мепазирад.

Анҷумани расонаҳои Аврупо ва Осиё (АРАО) платформаи ягона дар маҳдудаи пасошӯравӣ аст, ки барои баррасии тамоюл ва пешгўии равандҳои рушди бахши ВАО коршиносони ин соҳа аз ИДМ ва Балтикаву Гурҷистонро гирдиҳам меорад.

Ин анҷуман аз соли 2006 ба ин сӯ гузаронида мешавад. Тули чаҳор сол он пайи ҳам дар шаҳри Маскав баргузор шуда, пойтахтҳои Украина, Қазоқистон ва Белорус низ аз он мизбонӣ кардаанд.

Соли 2011 анҷумани мазкур дар шаҳри Остона бо иштироки раисҷумҳури вақти Русия Дмитрий Медведев ва ҳамтои қазоқи ӯ Нурсултон Назарбоев баргузор шуд.

Лентаи хабарҳо
0