ВКХ: мавқеи Русия, ИМА ва Саудӣ дар бораи Сурия қисман мувофиқанд

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкНамояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова. Акс аз бойгонӣ
Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мавқеи Русия, ИМА ва Арабистони Саудӣ дар робита ба гуруҳҳои мухолифини ҳукумати Сурия, ки имкони гуфтугӯ барои ҳалли низоъҳо дар ин кишвар вуҷуд дорад, қисман бо ҳам мувофиқанд, гуфтааст намояндаи расмии ВКХ-и Русия.

ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Мавқеи Маскав, Вашингтон ва Риёз дар мавриди он ки барои хотима бахшидан ба даргириҳои чандинсолаи Сурия бо кадоме аз гуруҳҳои мухолифини ин кишвар бояд гуфтугӯ кард, қисман мувофиқ мебошад, мегӯяд намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова.

"Дар баъзе мавридҳо мувофиқат мекунад, дар баъзеи дигар бошад ихроҷ ё илова кардани гуруҳе талаб карда мешавад", — гуфтааст Захарова дар посух ба суоли ин ки рӯйхати Русия бо феҳристи тартибдодаи Арабистони Саудӣ ва мавқеи ИМА мувофиқат мекунад ё не.

Чуркин: наздикшавии мавқеъи Кохи сафеду Кремл дар мавриди Сурия

Қаблан муовини вазири корҳои хориҷии Русия Михаил Богданов гуфта буд, ки Маскав дар мулоқоти ахири гуруҳҳои чаҳоргона дар шаҳри Вена рӯйхати тақрибан ҳамаи гуруҳҳои мухолифини Сурияро пешниҳод кард, ки барои ҳалли низоъҳои ин кишвар бо онҳо гуфтугӯ мекунад ва дар вохуриҳои тарафҳои даргир ҳузури онҳоро шарт медонад.

Дипломати рус афзуд, ки Арабистони Саудӣ ҳам рӯйхати худро пешниҳод кардааст, аммо амрикоиҳо то ҳол ваъда додаанду бас. Ба қавли хонум Захарова, рӯйхати Русия иборат аз 38 адад мебошад, ки эҳтимоли илова шудан ҳам ҳаст.

 

Лентаи хабарҳо
0